ҒОЛИБОНИ МУСОБИҚАИ ФУТБОЛИ ХУРД МУАЙЯН ШУД

112

Тавре иттилоъ дода будем, бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол дар доираи Моҳвораи ҷавонон миёни устодону кормандон, сохторҳои марбутаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мусобиқаи варзишӣ оид ба футболи хурд барои дарёфти «Ҷоми ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон» ташкил гардида буд. Мусобиқа аз 11.05 то 03.06.2024 дар Маҷмааи варзишии Шаҳраки донишҷӯён доир гардид. Дар мусобиқаи мазкур 21 даста иштирок намуда, дирӯз (03.06.2024) дар фазои тантанавӣ мусобиқаи мазкур ҷамъбаст шуд.

Дар ҷамъбасти мусобиқа ректори Донишгоҳ, профессор Насриддинзода Э.С. ва роҳбарони сохторҳои марбутаи Донишгоҳ иштирок намуданд.

Зимнан гуфта шуд, ки боиси ифтихор аст бо пешниҳоди Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустам Эмомалӣ Рӯзи 25-уми май – Рӯзи ҷаҳонии футбол эълон гардид. Иқдоми навбати дар рушди соҳаи варзиш ва таҳкими муносибатҳои дӯстона, инчунин, муттаҳид намудани ҷомеаи ҷавонони ҷаҳон мусоидат мекунад. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштаанд: “Варзиш қосиди сулҳ, муаррифгари давлату миллат ва пайвандгари риштаҳои дӯстии ҷавонони кишвар бо ҷаҳон мебошад”.

Ҳамин тавр, дар даври хотимавӣ дастаи факултети муносибатҳои байналхалкӣ бо дастаи факултети иқтисод ва идора барои ҷойи сеюм ва дастаи факултети ҳуқуқшиносӣ бо дастаи раёсати Донишгоҳ барои ҷойи аввал бозии шавқовар намуданд.

Баъд аз бозиҳо маълум шуд, ки дастаи факултети ҳуқуқшиносӣ сазовори ҷойи аввал, дастаи раёсати Донишгоҳ сазовори ҷойи дуюм ва дастаи факултети иқтисод ва идора соҳиби ҷойи сеюм гардиданд.

Дар зимн аз ҷониби ректори Донишгоҳ ба дастаҳои ғолиб Диплом, Ифтихорнома, Сипоснома, медал, Ҷоми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва мукофотпулӣ, инчунин, ба доварони мусобиқа, беҳтарин бозингарон, беҳтарин дарвозабон ва дигар мутасаддиёни мусобиқаи мазкур Ифтихорномаю Сипосномаи Донишгоҳ супорида шуд.

Дар интиҳо таъкид шуд, ки мо бояд дар оянда низ ба оммавигардонии варзиш ва таблиғи тарзи ҳаёти солим аз пештара бештар диққати аввалиндараҷа диҳем ва барои рушди соҳаи варзиш тадбирҳои тозаеро роҳандозӣ намоем.