ҒОЛИБОНИ ОЗМУН «БЕҲТАРИН БАРНОМАСОЗ»

443

Санаи 12 майи соли равон дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар таҳти унвони «Беҳтарин барномасоз» доир гардид, ки дар он донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон иштирок намуданд. Озмун аз рӯйи 2 номинатсия: барномасозӣ ва лоиҳаҳои инноватсионӣ баргузор гардид, ки дар он донишҷӯёни факултети механикаю математика Қурбоналӣ Дустматзода аз рӯйи номинатсияи барномасозӣ сазовори ҷойи 2-юм ва Некрӯз Раҳимов аз рӯи номинатсияи лоиҳаҳои инноватсионӣ сазовори ҷойи 1-ум гардиданд.

Гуфта мешавад ки озмуни «Беҳтарин барномасоз» бори аввал доир гардида, дар он 14 муассисаи таҳсилоти олии касбии кишвар иштирок доштанд.

 Озмун бахшида ба амалигардонии Барномаи давлатии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» ва тайёр намудани донишҷӯён барои иштирок дар озмуни ҷумҳуриявии “Илм фурӯғи маърифат” ва ба ин васила баланд бардоштани маҳорати истифодаи технологияҳои иттилоотӣ дар раванди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ, дарёфти чеҳраҳои нав дар самти технологияҳои иттилоотӣ, ташаккули маҳорати истифодаи барномаҳои амалии компютерӣ ва дар амал татбиқ намудани бандҳои Консепсияи иқтисодиёти рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташаккули ҳукумати электронӣ равона карда шудааст.