ҚАДРДОНИИ ҒОЛИБОНИ ОЛИМПИАДА

876

Имрӯз (01.06.2021) дар ҷаласаи васеи Шӯрои олимони донишгоҳ ғолибони олимпиадаи ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ шуданд.

 Ҳамасола бо ибтикори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дарёфти ҷавонони донишманду боистеъдод миёни донишҷӯёни макотиби олӣ ва касбии кишвар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ гузаронида мешавад. Имсол бахшида ба 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон олимпиадаи ҷумҳуриявии донишҷӯён таҳти унвони “Дониш талабу бузургӣ омӯз!” дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров доир гардид. Дар он наздик ба 400 нафар донишҷӯи 35 муассисаи таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд. Дар озмуни мазкур донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолона иштирок намуда, сазовори ҷойҳои намоён гаштанд. Аз ҷумла, аз фанни забон ва адабиёти тоҷик донишҷӯи курси 4-уми факултети филология Рухшона Намозова (роҳбар – Дӯстзода Ҳ.Ҷ.), аз фанни забони русӣ донишҷӯи курси 3-юми факултети филологияи рус Земфира Аҳророва (роҳбар – Д.С.Нурматова), аз фанни информатика донишҷӯи курси 3-юми факултети механикаю математика Ашӯрзода Хусрав (роҳбар – А.Ғаффоров), аз фанни математика донишҷӯи курси 3-юми факултети механикаю математика Малик Ситамов (роҳбар – А. Мирзоев), аз фанни фалсафа донишҷӯи курси 3-юми факултети фалсафа Зулфонзода Насибалӣ (роҳбар – Амирхон Ш.) ва аз фанни сиёсатшиносӣ донишҷӯи курси 4-уми факултети фалсафа Миралӣ Сироҷов (роҳбар – Б.Т. Раҷабов) сазовори ҷойи аввал, аз фанни физика донишҷӯи курси 1-уми факултети физика Қурбонзода Муҳсин (роҳбар – О. Одилов), аз фанни биология-экология донишҷӯи курси 2-юми факултети биология Назаралӣ Сафаров (роҳбар – Ҳамидов Х.Н.), аз фанни назарияи иқтисодӣ донишҷӯи курси 2-юми факултети молиявию иқтисодӣ Шоҳрӯз Забиров (роҳбар – Комилов А.Қ.) ва аз фанни химия донишҷӯи курси 1-уми факултети химия Муҳаммадҷон Бобохонов (роҳбар – Файзуллозода Э.Ф.) сазовори ҷойи дуюм ва аз фанни географияи иқтисодии Тоҷикистон бо асосҳои демография донишҷӯи курси 4-уми факултети молиявию иқтисодӣ Мирмуҳсинзода Кӯҳзод (роҳбар – Ҷ.Н.Ёров) сазовори ҷойи сеюм гардиданд.

Бо натиҷаи 11 ҷой: 6 ҷойи аввал, 4 ҷойи дуюм ва 1 ҷойи сеюм дастаи донишҷӯёни ДМТ миёни дастаҳои донишгоҳҳои ҷумҳурӣ дар ҷойи аввал шинохта шуд. Аз ҷониби кумитаи тадорукот ғолибони олимпиада ва муассисаҳои пешсаф соҳиби диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ шуданд.

Имрӯз дар ҷаласаи васеи Шӯрои олимони ДМТ ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. ба дастаи донишгоҳ мулоқот намуда, дар робита ба мустаҳкам намудани донишҳои назариявию амалӣ ба ғолибон тавсеаҳои судманд доданд. Дар зимн ба дастаи ғолиб ва роҳбарони онҳо «Ифтихорнома» ва мукофотпулӣ супориданд.