ОЗМУН: БЕҲТАРИН МАҚОЛАИ НАВРЎЗӢ

795

Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои «Дастури тавсиявӣ барои ҷашнгирии идҳои таърихии миллии тоҷикон: Сада, Наврӯз, Тиргон ва Меҳргон» ба муносибати 12-умин солгарди  Наврӯзи байналмилалӣ озмуни “Беҳтарин матолиби рӯзноманигорӣ дар бораи ҷашни Наврӯз”-ро эълон мекунад.

Шартҳои озмун: мақолаҳо бо забони тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ дар шакли электронӣ бо ҳуруфи Times New Roman Tj, 14 дар ҳаҷми то 4 саҳифаи компютерӣ қабул шуда, бояд ҷанбаҳои зеринро фарогир бошанд:

1.Нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эҳёи Наврӯзи байналмилалӣ;  

2.Наврӯз – қадимтарин ва инсонитарин ҷашни мардуми тоҷик;

3. Расму оин ва анъанаҳои инсонпарваронаи Наврӯз;

4.Аҳамияти Наврӯз дар замони ҷаҳонишавӣ ва ғ..  

Ҳар муаллиф метавонад ба озмун як мақола пешниҳод намояд. Ба ғолибон ифтихорнома ва мукофотпулӣ дар шакли зер пешбинӣ шудааст, ки дар арафаи ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ супорида мешаванд.   

Ҷойи аввал: 1500 сомонӣ

Ҷойи дуюм: 1000 сомонӣ

Ҷойи сеюм: 500 сомонӣ

Қабули мақолаҳо: аз 25-уми феврал то 11-уми марти соли 2022.

Суроға: ДМТ, хиёбони Рӯдакӣ 17, ошёнаи 3-юм, утоқи 40 (Маркази иттилоотӣ-таҳлилӣ)

Сроғаи электронӣ:

Email: badonish@mail.ru

Telegram: 918-41-67-72

WhatsApp: 918-41-67-72

РS.: Дар озмун метавонанд омӯзгорону донишҷӯёни риштаи рӯзноманигории муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар ва журналистони касбӣ иштирок намоянд. Дар мақола навиштани ному насаб, вазифа, ҷойи кор (таҳсил), рақами телефон ва почтаи электронӣ ҳатмӣ мебошад.