ОЗМУНИ УМУМИДОНИШГОҲӢ БАХШИДА БА РӮЗҲОИ КОНСТИТУТСИЯ ВА ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

10

Раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсия – 6-уми ноябр ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – 16-уми ноябр миёни донишҷӯён, магистрантон, унвонҷӯён, устодон, кормандон, докторантони Ph.D ва доктолрантони анъанавии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон озмуни умумидонишгоҳиро эълон менамояд.

Озмун аз рӯйи се номинатсия гузаронида мешавад:

1) Мақолаи беҳтарини илмӣ-оммавӣ;

2) Назми беҳтарин;

3) Тасвир (расм)-и корномаи Пешвои миллат (Расм дар андозаи 1х1,5 қабул карда мешавад).

Ба маводҳое бартарӣ дода мешавад, ки дар онҳо нақши Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, рушди устувори кишвар, арҷгузорӣ ба арзишҳои Истиқлоли давлатӣ ва нақши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади олии ҳуқуқӣ дар пешбурди ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа инъикос ёфта бошад.

-Муҳлати қабули мавод: то санаи 10 ноябри соли 2025.

Мавод бояд ба комиссияи озмунӣ – раёсати илми ДМТ (Бинои асосии Донишгоҳ, ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 17, ошёнаи якум, утоқи 12) пешниҳод гардад.

Маводи пешниҳодшуда мувофиқи Низомномаи озмун баррасӣ мегарданд.

Шартҳои қабул:

· Мақолаи пешниҳодгардида на камтар аз 7 саҳифа бошад (Талаботи техникӣ: ҳуруфи Times New Roman Tj ва Times New Roman ҳаҷми ҳарф 14, шакли коғаз А4, фосилаи байни сатрҳо воҳидӣ, ҳошияҳо: болоӣ – 3см, поёнӣ- 2,5см, чап – 3см, рост – 2см).

· Назми пешниҳодшуда набояд аз 50 байт камтар бошад.

· Маводи ба озмун пешниҳодшуда ба муаллиф бозпас гардонида намешавад.

· Мавод бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ қабул карда мешавад.

Ғолибон дар арафаи таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ ва бо диплому мукофотпулӣ қадрдонӣ карда мешаванд.