ОЗМУНИ ЗАБОНДОНӢ

575

Бо ташаббуси Шӯрои олимони ҷавони кафедраи умумидонишгоҳии забонҳои олмонӣ ва фаронсавӣ ва дастгирии Кумитаи иттифоқи касабаи донишҷӯёни донишгоҳ озмуни забондонии «Полиглот» (Забондонҳо) бо иштироки донишҷӯёни ғайритахассусӣ гузаронида шуд. Бори дуюм аст, ки озмуни мазкур баҳри ҷалби донишҷӯён ба омӯзишу азхудкунии забонҳои олмонӣ ва фаронсавӣ гузаронида мешавад.

Дар озмуни навбатӣ 19 нафар донишҷӯ аз 8 факултет иштирок намуданд ва малакаву маҳорати забондонии хешро пешниҳоди аъзои ҳакамон гардониданд. Бояд гуфт, ки забондонии иштирокчиён аз рӯи се шарт – хондан ва тарҷума кардани матн, тасрифи феъл дар се замон ва маълумот додан дар бораи расм санҷида шуд. Дар озмун донишҷӯёни факултетҳои иқтисод ва идора, молиявию иқтисодӣ, баҳисобгирӣ ва иқтисоди рақамӣ, филологияи рус ва фалсафа нисбатан фаъол буда, соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд. Ба ғолибон ифтихорнома ва туҳфаҳои молии кормандони кафедра ва Кумитаи иттифоқи касабаи донишҷӯёни донишгоҳ тақдим карда шуд. Инчунин, дигар иштирокдорон бо сипоснома қадрдонӣ карда шуданд.

Дар ин бора С.Х.Хуҷамқулов ассистент ва раиси Шӯрои олимони ҷавони кафедраи умумидонишгоҳии забонҳои олмонӣ ва фаронсавии ДМТ иттилоъ дод.