Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», ки 21 декабри соли 2021 ироа гардид, аз тариқи шабакаҳои телевизион ва радиоҳои Тоҷикистон мустақиман пахш гардид. Паёми мазкур фарогири тамоми соҳаҳои фаъолият буда, пурмуҳтаво ва ҷолибу назаррас ироа гардид.
Як бахши муҳими Паём рушди такомули соҳаи маорифи кишварро дар солҳои истиқлолияти давлатӣ дар бар гирифта, Пешвои миллат онро чунин арзёбӣ карданд. «Дар 30 соли истиқлолияти давлатӣ 3240 муассисаи нави таълимӣ барои 1 миллиону 400 ҳазор хонанда сохта ба истифода дода шуд». Ин рақам воқеан ҳам шодиву нишотовар мебошад ва рушду нумӯи ин соҳаи муҳиму афзолиятнокро бозгӯ менамояд, ки баҳрабардорӣ аз файзу баракати истиқлолият аст. Дар ҷараёни ироаи Паём зикр гардид, ки «Ҳоло шумораи умумии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишвар ба 2 миллиону 200 ҳазор нафар расидааст».
Маҳз истиқлолияти давлатӣ имкон фароҳам овард, ки дар ин давра «дар кишвар 173 муассисаи таълимии типи нав- литсей, гимназия, мактаби президентӣ, мактаби байналмилалӣ ва муассисаҳои таълимӣ барои хонандагони болаёқат, инчунин, 196 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва умумии хусусӣ бунёд гардида, ба истифода дода шуданд. Дар ин муассисаҳо 150 ҳазор нафар хонандагон ба таҳсил фаро гирифта шудаанд».
Аз бунёдкориҳои ин самти муҳим ёдовар шуда, Пешвои миллат афзуданд, ки «Дар зинаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ 39 муассисаи таълимии нав ва дар зинаи таҳсилоти олии касбӣ 28 муассиса бунёд гардид ва шумораи онҳо мутаносибан ба 144 ва 41 расонида шуд».
Тавре аз рақамҳои барои муқоиса мисол овардаи Пешвои миллат бармеояд, шумораи шогирдони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, ки айнан замон 120 ҳазор нафарро ташкил медиҳад, нисбат ба соли 1991-ум 1,6 баробар ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, ки аз 245 ҳазор нафар иборатанд, нисбати он давра сеюним баробар зиёд мебошад.
Соҳибистиқлолӣ заминаҳои мусоидро барои таҳсили ҷавононамон дар макотиби олии кишварҳои хориҷӣ фароҳам овард. Тавре ки дар Паём зикр шудааст: «дар замони соҳибистиқлолӣ шумораи ҷавонони боистеъдоде, ки барои таҳсил ба хориҷи кишвар фиристода мешаванд, сол ба сол афзоиш ёфта, дар соли таҳсили 2021 ба беш аз 42 ҳазор нафар дар 25 давлати хориҷӣ расидааст. Ҳар сол беш аз 5 ҳазор нафар ҷавонони боистеъдоди мо барои таҳсил ба мактабҳои олии хориҷи кишвар фиристода мешаванд».
Нақши маориф дар Паёми Роҳбари давлат хеле возеҳу равшан инъикос ёфтааст. Тавре ки омадааст «бунёди миллат аз маориф оғоз меёбад ва ғамхорӣ нисбат ба маориф – сармоягузорӣ барои рушди нерӯи инсонӣ ва ояндаи ободи давлат ва Ватан мебошад».
Дар ин самт пешорӯи аҳли маориф як қатор вазифаҳо меистанд, ки иҷрои онҳо аз ҷониби Пешвои миллат ба таври зайл нишон дода шудааст: «зарур аст, ки барои боз хам баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, омода кардани кадрҳои баландихтисос, омӯхтани забони давлатӣ, таъриху фарҳанги бостонии халқи тоҷик боло бурдани завқу рағбати хонандагон ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ, табиӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва аз худ кардани забонҳои хориҷӣ, махсусан, забонҳои русиву англисӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир карда мешавад». Бо чунин дастур пешниҳод гардидани вазифаҳо масъулияти аҳли маорифро афзуда, онҳоро баҳри дарёфти дастовардҳои нав ба нави ҷода ҳидоят менамояд.
Хулоса, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фарогири ҳама самту соҳаҳо буда, фаъолияту дастовардҳои 30 соли соҳибистиқлолӣ дар он хеле ҷолиб таҳлилу баррасӣ гардида, вазифаҳо барои оянда возеҳу мушаххас нишон дода шудаанд.
Саъдулло Ҳайдаров, дотсенти кафедраи телевизион ва радиошунавони факултети журналистикаи ДМТ