РӮЗИ ҒАЛАБА

545

“Ғалабаи Иттиҳоди Шӯравӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ мавзӯест, ки ҳамасола бо фарорасии 9-уми май вирди забонҳо мегардад. Тӯли ин солҳо дар бораи ин ғалаба бисёр маҳфилу чорабиниҳо гузаронидаанду мақолаҳои зиёд навиштаанд. Маҳфиле, ки мо оростем, шиори “Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш намешавад”-ро мемонад, ки гузаронидани он барои донишҷӯён судманд мебошад”. Ин нуктаро устоди кафедраи забон ва адабиёти рус барои факултетҳои ғайрифилологӣ А. Назаров зимни ифтитоҳи маҳфиле, ки дар факултети химия бо дастгирии декани факултет, дотсент Файзуллозода Э. бахшида ба истиқболи ҷашни таърихӣ – Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ бар фашизм (солҳои 1941-1945) баргузор гардид, ироа намуд. Дар маҳфил устодону донишҷӯёни факултети химия иштирок намуданд. Дар зимн муаллимаи кафедраи забон ва адабиёти рус барои факултетҳои ғайрифилологӣ Зоидова М.М. ва чанде аз донишҷӯёни факултет роҷеъ ба солгарди Рӯзи ғалаба суханронӣ намуданд.