Раёсати «Амри маъруф ва наҳйе аз мункар»-и Толибон дар вилояти Сарипул эълон кардааст, ки сад адад асбоби мусиқӣ, созу суруд ва соири «олоти мункирот»-ро ба оташ кашидааст.
Ин Раёсат гуфтааст, ки ин асбобҳои мусиқӣ бар асари талошҳои шубонрӯзии маъмурони «Амри маъруф» ҷамъоварӣ карда шуда буд.
Масъуд Ҳанафӣ, сардори Раёсати «Амри маъруф ва наҳйе аз мункар»-и Толибон дар Сарипул оташзании асбобҳои мусиқиро «татбиқи фармонҳои Раёсати «Амри маъруф» ва амаликардани оёти Қуръон» хондааст.
