Рамзҳои ДМТ

Парчами Донишгоҳи миллии
Тоҷикистон

Нишони Донишгоҳи миллии
Тоҷикистон

СУРУДИ ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН 
Шеъри Муҳаммад Ғоиб
Оҳанги Амирбеки Мусо
 
Пайки рӯзи нек дорад субҳгоҳи маърифат,
Мебарад  бар кӯи  мақсад  шоҳроҳи маърифат.
Барнахезад  аз  қадамҷои  бузургонаш  ғубор,
То абад рӯяд  аз ин  гулшан  гиёҳи маърифат.
Мешавад  пайдо нишони  аввалу анҷоми нек,
Дар ҳамин  даргоҳи илму зодгоҳи маърифат.
                  
Раҳбалад дар роҳи дури ҳикмат аст,
Парчами фатҳу ливои нусрат аст.
Давлати иқболи соҳибдавлат  аст,
Шаҳсутуни кохи илми  миллат аст.
 
Бахти андак  нест, дорад номи миллатро  ба худ,
Ин макони олимон, ин боргоҳи маърифат.
Дидагони ҳар зиёӣ  меҳру моҳи кишвар аст,
Партави  ҷовид  бошад  дар нигоҳи  маърифат.
Умрҳо  дарси  ватандорӣ дар ин ҷо бигзаранд,
Рӯи мағлубӣ намебинад сипоҳи маърифат.
 
        
Раҳбалад  дар роҳи  дури ҳикмат аст,
Парчами фатҳу ливои нусрат аст.
Давлати иқболи соҳибдавлат  аст,
Шаҳсутуни кохи илми миллат аст.