Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор
НАСРИДДИНЗОДА ЭМОМАЛӢ САЙФИДДИН
Насриддинзода Эмомалӣ Сайфиддин 2-юми июли соли 1966 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1990 Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ва соли 2003 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм кардааст.
Насриддинзода Э.С. дар вазифаҳои зерин фаъолият кардааст: омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 2 (1990-1993), ассистент, муаллими калони кафедраи ҳуқуқшиносӣ ва фалсафаи фарҳанги Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ (1993—2006), корманди Сарраёсати корҳои ислоҳии вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (2003-2004), мудири кафедраи ҳуқуқшиносӣ ва методикаи таълими ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ (2006), муаллими калони кафедраи назария ва таърихи давлат ва ҳуқуқи факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (2006—2007), ҷонишини декани факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба тарбия (2007—2009), ҷонишини декани факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба таълим (2009—2011), декани факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (2011 – 2016), вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2016 – 2021), ҳамзамон, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа (2021 – 2024) ва аз 16-уми январи соли 2024 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.
Насриддинзода Э.С. соли 2008 рисолаи номзадиро дар мавзӯи «Проблемаҳои ташаккули фарҳанги ҳуқуқӣ дар шароити бунёди давлати демократӣ дар Тоҷикистон» дифоъ намудааст. Соли 2015 рисолаи докториро дар мавзӯи «Густариши фарҳанги ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити амиқ гардидани тафовутҳои фарҳангӣ-тамаддунӣ: масъалаҳои назариявӣ ва амалӣ» ҳимоя кардааст. Соли 2017 Узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст. Ба қалами ӯ беш аз 200 асари пурарзиши илмию таълимӣ ва мақолаҳои сершумори илмӣ мансуб аст.
Насриддинзода Э.С. барои хидматҳои шоён ва намунавиаш дар соҳаи таълиму тарбия ва омода намудани мутахассисони лаёқатманди ҷавобгӯйи бозори меҳнат бо мукофоти давлатии «Ордени Шараф дараҷаи II», нишони «Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон», медали ҷашнии «90-солагии адлияи Тоҷикистон» ва чандин ифтихорномаву сипосномаҳои сохторҳои илмию таълимӣ ва ҳифзи ҳуқуқи кишвар сарфароз гардидааст.
Оиладор, соҳиби 2 фарзанд мебошад.