РОҲПАЙМОИИ ИДОНАИ ДОНИШГОҲИ МИЛЛӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ

413

Имрӯз (24.11.2022) дар Шаҳраки донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳпаймоии идона баргузор гардид.

Дар роҳпаймоӣ, ки дар назди биноҳои таълимии донишгоҳ сурат гирифт, ҳайати бисёрҳазорнафараи донишгоҳ, аз ҷумла раёсат, ҳайати устодону кормандон, донишҷӯён ва хонандагони Литсейи табиию риёзии назди донишгоҳ, инчунин, сохторҳои мухталифи донишгоҳ иштирок намуда, бо бардоштани парчами 150 метра эҳтироми ливоро ҳамчун нишонаи давлатдории миллӣ, истиқлолу озодӣ ва арзиши бебаҳои миллӣ ба ҷо оварданд.

Ҳамзамон, дар толори фарҳангии Донишкадаи таълимию фарҳангии Конфутсийи назди донишгоҳ чорабинии фарҳангии калони идона баргузор гардид. Чорабинии тантанавӣ бо сухани табрикотии ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. оғоз шуд. Тазаккур дода шуд, ки Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рамзи Истиқлолияти давлатӣ барои мо азизу муътабар буда, таҷлили ин сана дар радифи дигар ҷашнҳои миллию давлатӣ мояи ифтихор ва эътибору шарафи мардуми меҳанпарасти тоҷик аст.

Таҷлили Рӯзи Парчами давлатӣ, ки бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷашни умумимиллӣ табдил ёфт, яке аз муҳимтарин рӯйдодҳои даврони соҳибистиқлолӣ дар таърихи давлатдории навини тоҷикон маҳсуб мешавад.

Дар идомаи чорабинии идонаи фарҳангӣ-фароғатӣ ансамбли халқии «Наврӯз»-и донишгоҳ ва ҳунармандони шинохтаи кишвар бо суруду таронаҳои дилнишин хотири иштирокчиёнро болида намуданд.