Ҷумҳурии Тоҷикистон диёри зебоманзару кӯҳсор ва дорои захираҳои ғании энергетикӣ ба ҳисоб меравад. Ин имконоти бузурги энергетикӣ метавонад ояндаи Тоҷикистонро нурафшон созад. Таъкид бояд кард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба дигар мамлакатҳои ҳамсоя соҳиби захираҳои зиёди обӣ аст, ки аз ин неъмати бебаҳоро бояд оқилонаю сарфакорона истифода кард.
Чунин як лоиҳаи бузурги энергетикӣ дар Тоҷикистон ҳанӯз солҳои 70 – уми асри гузашта шурӯъ шуда буд, вале бо сабабҳои гуногун нотамом монд. Бунёди Роғун яке аз бузургтарин иншооти аср маҳсуб меёбад. Ин неругоҳ аз чанд ҷиҳат аҳамияти бузург дорад.
Аз нигоҳи иқтисодӣ дар Тоҷикистон корхонаҳои саноатӣ ба кор даромада, иқтисодиётамон аз пештара бештар рушд мекунад. Аз диду назари сиёсӣ бошад, давлатамон дар байни давлатҳои мутараққӣ мавқеи худро боз ҳам пайдо мекунад. Албатта, бо бунёди ин неругоҳ Тоҷикистон истиқлолияти энергетикиро ба даст овард. Ин ҳама мақсади сарвари давлат ва кулли тоҷикони ҷаҳон буд, ки ба кор андохтани ин неругоҳ роҳи ягонаи истиқлолияти энергетикӣ ба шумор мерафт.
Бунёди ин иншоот барои ҳама гуна соҳаҳо фоидаовар мебошад. Бо бунёди комили НБО Роғун ормонҳои ҳазорсолаи мардуми тоҷикро амалӣ мегарданд ва бояд эътироф намуд, ки дар саргаҳи ҳамаи ин бунёдкориҳо фарзанди фарзонаи миллат, шахсе, ки қавлу амалаш як аст, фарзанди замини ин диёри куҳанбунёд, Қаҳрамони Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меистад. Пешвои муаззами миллат тафаккури мардумро бедор намуда, азм намуданд, ки иқтидорҳои мавҷудаи энергетикӣ барқарор шуда, сохтмони Роғун эҳё карда шавад.
Мардуми Тоҷикистон бо сарварии Пешвои муаззами худ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ба ҷаҳониён қудрати азалии хешро нишон дода, аз рисолати созандагӣ дарак доданд.
Ҳазорон фидоёни роҳи дурахшони мамлакат шабу рӯз дар майдони кори неругоҳ заҳмат кашида, бо ғурури Рустамона ҷиҳати дар фурсати кӯтоҳ ба истифода додани Роғун заҳмат кашиданд.
Онҳо хуб медонистанд, ки бунёди Роғун ба ояндаи дурахшони миллат заминаи мусоид фароҳам меорад. Мардуми тоҷик аз набудани барқи доимӣ ба душвориҳои зиёди рӯ ба рӯ мешуданд.
Ҳоло бошад, ин душвориҳо паси сар гардид. Бунёди Роғун ин нангу номус ва ифтихори ҳар шаҳрванди Тоҷикистон аст.
Шарифзода Ҷ.А.