РУШДИ ҲАМКОРИҲО БО ДОНИШГОҲИ ФЕДЕРАЛИИ ҚАФҚОЗИ ШИМОЛӢ

448

Ҳадаф аз ташрифи ректори Донишгоҳи федералии Қафқози Шимолӣ Беспалов Дмитрий Николаевич ба Донишгоҳи миллӣ ва мулоқот бо ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. таҳким бахшидани ҳамкориҳои дуҷониба буд.

Дар доираи ҳамкориҳои дуҷониба Донишгоҳи миллӣ бо Донишгоҳи федералии Қафқози Шимолии Федератсияи Русия равобити судманд дорад ва дар заминаи ин баргузории ҳамоишҳои сатҳи байналмилалиро дар нақша доранд. Ҷонибҳо вобаста ба баргузории ҳамоишҳои муштарак дар робита ба татбиқи илм бо истеҳсолот, ташкили чорабиниҳои варзишӣ-сайёҳӣ ва озмунҳои гуногуни илмӣ-таълимӣ табодули афкор намуданд.

Зимнан гуфта шуд, ки рӯзҳои наздик тарафҳо оид ба масъалаҳои баррасишуда корҳои амалиро роҳандозӣ менамоянд.