РУШДИ ҲАМКОРИҲО БО МАКТАБИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПЕКИН

168

Суҳбати хотирмон дар боби “Тоҷикон”

Имрӯз ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. баъд аз ҷаласаи тантанавии донишкадаҳои Конфутсий, ки дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин доир гардид, нимаи дуюми рӯз бо маъмурияти Мактаби байналмилал – Мактаби таҷрибавии Тянсизин Инхуа (Tianjin Yinghua Experimenyial School) вохӯрӣ намуд. Дар саҳни бинои мактаби мазкур намояндагони донишгоҳро директори Мактаби байналмилал – Мактаби таҷрибавии Тянсизин Инхуа Лин Сянян самимона истиқбол гирифтанд.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо дар самти ҳамкориҳои дуҷониба табодули афкор намуда, омӯзиши масъалаҳои мубрами илму таълимро дар заминаи Донишкадаи таълимию фарҳангии Конфутсий, Литсейи равияи табиию риёзии Донишгоҳи миллӣбо Мактаби байналмилалии мазкур судманд арзёбӣ намуданд.

Ҳамзамон, дар ҷараёни сафар вохӯрии Ректори донишгоҳ бо хонандагони тоҷики мактаби мазкур сурат гирифт. Суҳбат судманду самимӣ дар робита ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла забони хитоӣ сурат гирифт. Муҳимтарин масъалае, ки зимни вохӯрӣ доир шуд, шиносоии хонандагони мактаби мазкур аз китоби аллома Бобоҷон Ғафуров “Тоҷикон” буд. Гуфта шуд, ки дар китобхонаи Мактаби байналмилал – Мактаби таҷрибавии Тянсизин Инхуа китоби аллома Бобоҷон Ғафуров “Тоҷикон” бо забони хитоӣ дида мешавад ва ин барои омузиши таъриху фарханги миллати тоҷик мусоидат менамояд.

Ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. дар ҷараёни суҳбат ба толибилмон ҷиҳати хуб омӯхтани таърихи миллати тоҷик ва донистани забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла забони чинӣ тавсияҳои судманд дод.

Дар охири мулоқот ҷиҳати рушди ҳамкориҳои минбаъда миёни ДМТ ва Мактаби байналмилал – Мактаби таҷрибавии Тянсизин Инхуа (Tianjin Yinghua Experimenyial School) ёддошти тафоҳум ба имзо расид. Ёдрас мешавем, ки Мактаби байналмилалии мазкур яке аз муассисаҳои калонтарин ва пешқадам дар шаҳри Пекин ба шумор меравад.

Ашуралиева Шахзода