РУШДИ ҲАМКОРИҲОИ ДМТ БО МТО БЕЛАРУС

368

(Аз баргузории Форуми соҳибкорӣ то имзои созишномаҳои нави ҳамкорӣ) 

Имрӯз дар заминаи ҳамкориҳои дӯстонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Беларус дар шаҳри Душанбе Форуми соҳибкорони Тоҷикистон ва Беларус доир гардид. Дар маросими ифтитоҳи Форум роҳбарияти сохторҳои дипломатӣ ва масъулини самтҳои саноату соҳибкорӣ иштирок доштанд. Зимни баргузории Форум ҷонибҳо доир ба имкониятҳои сармоягузорӣ, ҳамкорӣ дар рушди соҳибкорӣ ва такмили ҳамкориҳои иқтисодию соҳибкорӣ суханронӣ намуданд. Гуфта шуд, ки  ҳамкориҳои иқтисодию соҳибкории ҳарду кишвар – Тоҷикистону Беларус дар ҳоли рушд қарор дорад.

Бояд гуфт, ки дар доираи ҳамкориҳои дуҷониба зиёда аз 90 шартномаву созишномаҳо миёни Тоҷикистону Беларус ба имзо расидааст, ки ин ба мо имкон медиҳанд, ҳамкориҳои мутақобилан судмандро дар соҳаҳои сиёсат, тиҷорат, иқтисод, фарҳанг, маориф ва ғайра бо муваффақият инкишоф диҳем.  

Ҳамин аст, ки ҷиҳати боз ҳам беҳтар гардидани ҳамкориҳои дуҷониба имрӯз дар заминаи Форуми мазкур миёни сохторҳои мухталифи Тоҷикистон ва Беларус созишномаҳо ба имзо расид.

Дар заминаи Форуми мазкур Намоишгоҳи маҳсулоти ширкатҳои Беларус дар Тоҷикистон ташкил шуд.

Қобили қайд аст, ки яке аз самтҳои ҳамкорӣ ин соҳаи илму маориф мебошад. Дар ин самт тадбирҳои муҳим рӯйи кор омада истодааст. Ҳамин аст, ки дар заминаи Форуми соҳибкорони Тоҷикистон ва Беларус миёни муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус созишномаҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд.

Аз ҷумла, миёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо Донишгоҳи давлатии информатика ва радиоэлектроникаи Беларус, Донишгоҳи миллии техникии Беларус, Донишгоҳи давлатии техникии Брест, Донишгоҳи давлатии Брест ба номи А. С. Пушкин, Донишгоҳи давлатии техникии Гомел ба номи Павла Осиповича Сухого созишномаи нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд. Инчунин, лозим ба ёдоварист, ки миёни ДМТ ва муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва марказҳои илмии Ҷумҳурии Беларус ба таври маҷозӣ се созишномаи нави ҳамкорӣ: миёни ДМТ ва Донишгоҳи давлатии Витебск ба номи П.М.Машеров, Донишгоҳи давлатии Гомел ба номи Ф.Скорина ва Донишгоҳи давлатии Полесский ба имзо расонида шуданд.

Ёдрас мешавем, ки ҳамкориҳои ДМТ бо муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва марказҳои илмии Ҷумҳурии Беларус дар ҳоли рушд қарор доранд. Дар доираи ин ҳамкориҳо 19 созишнома амал мекард, ки айни ҳол 8 созишномаи нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд ва дар маҷмуъ 27 созишнома дар оянда татбиқ мешаванд.