РУШДИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ ЧИН ДАР ДОИРАИ ФАЪОЛИЯТИ ДОНИШКАДАИ КОНФУТСИЙИ НАЗДИ ДМТ

109

Давоми солҳои охир муносибатҳо миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин ба сатҳи стратегӣ ва дӯстона расидаанд. Сарварони ду кишвар – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин – бо иродаи қавӣ ва саъю кӯшиши ҳамешагӣ муносибатҳои дуҷонибаро ба сатҳи нав расониданд. Ин ҳамкориҳо дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла маориф хуб дида мешавад.


Дар доираи ин ҳамкориҳо дар назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Донишкадаи таълимию фарҳангии Конфутсий соли 2008 таъсис ёфтааст, ки ҳамчун пули пайвандгари миллатҳо миёни ду давлат хидмат мекунад. Тавассути ин Донишкада чандин ҷавонон имкон пайдо намуданд, ки забон, фарҳанг ва анъанаҳои бойи мардуми Чин ва бар акси он – тоҷикро омӯзанд. Имрӯзҳо Донишкадаи Конфутсий нақши калидиро дар тақвияти ҳамкориҳои илмӣ, фарҳангӣ ва маърифатӣ миёни Тоҷикистону Чин мебозад. Маҳз тавассути лоиҳаҳои муштараки илмӣ, табодули донишҷӯён ва омӯзгорон, инчунин, баргузории конфронсҳои илмӣ ҳамкориҳо густариш меёбанд.


Дар доираи ин ҳамкориҳо бо дастгирии ректори ДМТ, профессор Насриддинзода Э.С. намояндагони Донишгоҳ: муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ, профессор Ғаффорзода И.Ғ. ва директори Донишкадаи Конфутсийи назди Донишгоҳ аз ҷониби Тоҷикистон Имомзода М.М. ба Ҷумҳурии Мардумии Чин сафар намуданд.
Дар доираи ин сафар ҷаласаи 15-уми Шурои роҳбарони Донишкадаи Конфутсийи назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он намояндагони масъули Донишгоҳи омӯзгории Синзяни Ҷумҳурии Мардумии Чин таҳти роҳбарии ректори Донишгоҳ Вумайҷиян Айлӣ ва директори Донишкадаи Конфутсийи назди ДМТ аз ҷониби Чин Сун Ҷин иштирок доштанд.


Дар ҷаласа оид ба самтҳои гуногуни ҳамкориҳо табодули афкор сурат гирифта, фаъолият ва дастовардҳои як соли сипаришудаи Донишкадаи Конфутсийи назди ДМТ мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Зимнан гуфта шуд, ки яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти Донишкадаи Конфутсий ин таҳкими ҳамкориҳои таълимӣ ва илмӣ миёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи омӯзгории Синзян мебошад. Тайи чанд соли охир, дар заминаи ҳамкориҳои бевоситаи Донишкадаи Конфутсий гурӯҳе аз донишҷӯёни тоҷик ба Донишгоҳи омӯзгории Синзян ва гурӯҳе аз донишҷӯёни чинӣ ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон сафар мекунанд, то дар барномаҳои табодули донишҷӯён иштирок кунанд.


Гуфта мешавд, ки ҳамкорӣ бо Донишгоҳи омӯзгории Синзян густариш ёфта, зеро он дорои таҷрибаи ғанӣ дар соҳаи омӯзиш ва тадқиқот мебошад.


Дар индомаи ҷаласа ҷонибҳо ҷиҳати ҳамкориҳои минбаъда ва фаъолияти густурдаи Донишкадаи Конфутсийи назди Донишгоҳ дар соли оянда таклифу пешниҳодҳои судманд намуданд.