
Имрӯз (27.10.2025) дар доираи ҳамкориҳои гуногунсамтаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Италия ҳайати ниҳоди байналмилалӣ – Ҳамоҳангсози махсуси Осиёи Марказӣ – Италия Федерико Фаилла ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ташриф овард.
Дар ҷараёни боздид, вохӯрии ҳайат бо роҳбарияти сохторҳои дахлдори Донишгоҳ таҳти роҳбарии муовини аввал, муовини ректор оид ба таълим Раҷабзода Ф.К. баргузор гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои густариши робитаҳои дуҷониба ва таҳкими ҳамкориҳоро дар самтҳои гуногуни илмӣ, таълимӣ ва фарҳангӣ мавриди баррасӣ қарор доданд. Ҳамзамон, зарурати баргузор намудани ҳамоишҳои сатҳи байналмилалӣ дар бахшҳои рушди иқтисод, инноватсия, технология ва тағйирёбии иқлим таъкид гардид.
Ҷонибҳо изҳори умед намуданд, ки чунин мулоқотҳо ба таҳкими равобити мутақобилан судманд байни муассисаҳои таълимии Тоҷикистону Италия мусоидат хоҳанд кард.








