РУШДИ РОБИТАҲОИ ИЛМӢ-ФАРҲАНГӢ

438

Дар самти омӯзиши осори гаронбаҳои Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ таъсиси маркази илмӣ-таълимӣ ва ё илмӣ-фарҳангӣ муҳим буда, барои муҳаққиқони риштаи таъриху фарҳанги миллат ва таҳкими муносибатҳои илмию адабӣ заминаи мусоид мегузорад. Ин масъала имрӯз (17.03.2022) дар вохӯрии ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Хушвахтзода Қ.Х. бо сафири Ҷумҳурии  Туркия дар Тоҷикистон Эмре Зеке Карагёлов мавриди баррасӣ қарор гирифт.   

Дар зимн тарафҳо роҷеъ ба бастани шартномаҳои нави ҳамкорӣ миёни ДМТ ва донишгоҳҳои Ҷумҳурии  Туркия, баргузории ҳамоишҳои сатҳи байналмилалӣ дар робита ба ҷашни Истиқлолияти давлатии Туркия ва рушди муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Туркия, таъсиси маркази муштараки илмии мавлоношиносӣ ва курсҳои забономӯзӣ, инчунин, такмил додани дастовардҳои илмию таълимӣ ва байналмилалӣ тавассути васоити ахбори омма табодули афкор намуданд.