Рушди ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сохторҳои илмию таълимии Федератсияи Русия дар ҳоли рушд қарор дорад. Дар доираи ин ҳамкориҳо баргузории чорабиниҳои гуногуни илмию таълимӣ ва тарбиявию иттилоотӣ гузаронида мешавад. Яке аз чунин чорабиниҳои омӯзишӣ, тарғиботӣ ва иттилоотӣ ин семинари байналмилалии “Суҳбат бо Русия. Ғалабаи умумӣ – хотираи умумӣ” («Разговор с Россией. Общая Победа – общая память») мебошад, ки рӯзҳои 22-25-уми декабири соли 2024 дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия баргузор гардид. Ташаббускори семинари мазкур Маркази миллии хотираи таърихии назди Президенти Федератсияи Русия буд.
Бо дастгирии роҳбарияти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ба вижа ректори муҳтарам Насриддинзода Э.С. дар ин семинари байналмилалӣ намояндагони Донишгоҳ: Т.Иҳромов – мудири Маркази иттилоотӣ-таҳлилии Донишгоҳ ва Хоҷаев Д. – мутахассиси шуъбаи тарбияи Донишгоҳ иштирок намуданд.
Қобили қайд аст, ки дар таърихи инсоният санаҳое ҳастанд, ки бо гузашти солҳо аҳамият ва бузургии онҳо боз зиёд мегардад. Рӯзи Ғалаба ҳам дар радифи ҳамин гуна санаҳои фаромӯшнашуданӣ боқӣ мемонад. Он барои тамоми инсоният, аз ҷумла мо, тоҷикистониён низ азиз ва гиромӣ аст.
Дар солҳои 1941-1945 зиёда аз 300 ҳазор ҷанговарони Тоҷикистон дар муҳорибаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ширкат варзида, аз худ қаҳрамониҳои бемислу монанд нишон додаанд. Онҳо барои дифо ва шарафу номуси мардуми худ дар сангарҳо муборизаи шуҷоатнок ва корнамоиҳои бузург нишон доданд.
Соли 2025 аз ин санаи таърихӣ 80 сол пур мешавад, ки ба ин муносибат имрӯзҳо чорабиниҳои гуногунсатҳ дар дохил ва хориҷи кишвар доир мегардад. Ҳадаф аз баргузории семинари байналмилалии “Суҳбат бо Русия. Ғалабаи умумӣ – хотираи умумӣ” («Разговор с Россией. Общая Победа – общая память») ёде аз санаи таърихӣ ва эҳтироми қаҳрамонони барои ояндаи хушбахти мо мубориза бурда буд, ки он баҳри баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстӣ ва пос доштани хотироти таърихӣ мусоидат менамояд.
Қобили зикр аст, ки дар чорабинии мазкур намояндагони давлатҳои гуногун, аз ҷумла
Қазоқистон, Узбекистон, Молдова, Ҷумҳурии Сербия, Қирғизистон, Озарбойҷон, Армения, Балгария (таърихшиносон, рӯзноманигорон, ҳуқуқшиносон, блогерон …) иштирок доштанд.
Ҳамзамон, дар ин чорабинии байналмилалӣ намояндаи кишвар: Абдуллозода Иброҳим – муовини раиси Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷа низ иштирок ва дар суханронӣ намуд.
Ёдрас мешавем, ки семинари мазкур аз бахшҳои иттилоотӣ, тарбиявию тарғиботӣ ва сайёҳӣ (Гулгузорӣ дар назди Қабри сарбози номаълум, боздид аз осорхонаҳои Ғалаба ва Зоя Космодемянской) иборат буд.
Т.Иҳромов