САФИРИ ИТАЛИЯ ДАР ДОНИШГОҲ

532

Имрӯз (10.02.2023) сафири Ҷумҳурии Италия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Агостино Пинна ба Донишгоҳи миллӣ ташриф оварда, бо ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. мулоқот намуд.

Дар мулоқот ҷонибҳо аз муносибатҳои дуҷонибаи кишварҳо дар соҳаи маориф изҳори қаноатмандӣ намуда, мақсади вохӯриро дар густариш додани самтҳои илму таълим арзёбӣ намуданд. Зимни мулоқот ҷонибҳо дар самти омӯзиши забони итолиёвӣ, тоҷикӣ ва табодули муҳаққиқону донишҷӯён, ташкил намудани курсҳои забономӯзӣ ва ҳамоишҳои сатҳи байналмилалӣ, инчунин, беҳтар намудани барномаҳои муштарак табодули афкор намуданд. Зимнан гуфта шуд, ки дар самти илму таълим ҳамкориҳо бояд бештар рушд ёбанд ва дастовардҳои назаррас рӯйи кор оянд.

Дар охир аз ҷониби роҳбарияти донишгоҳ ба меҳмон ҳамчун рамзи дӯстӣ туҳфаи хотиравӣ тақдим гардид.