САЙҚАЛ ДОДАНИ ДОНИШҲОИ ЗЕҲНӢ

85

Имрӯз миёни донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии Урал бозии дӯстонаи онлайнии шоҳмот баргузор гардид.

Имрӯз фазои интернетӣ имкниятҳои бештареро барои инсоният фароҳам овардааст, ки метавонанд аз он ба таври самарона истифода баранд. Бо фароҳам овардани имкониятҳои васеъ озмунҳо гуногун, аз ҷумла бозии зеҳнии шоҳмот низ тариқи онлайнӣ баргузор мешавад.

Бозии дӯстонаи онлайнии шоҳмот, ки миёни донишҷуёни донишгоҳҳои болозикр баргузор гардид, Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро се нафар донишҷӯён намояндагӣ карданд. Ёдовар мешавем, ки донишҷӯёни иштирокнамуда, ғолибони даври донишгоҳии озмуни мазкур мебошанд.