СЕМИНАРИ ИЛМӢ-ОМӮЗИШӢ

347

Бо ибтикороти раёсати илм ва инноватсияи Донишгоҳи миллӣ ва Институти илмию таҳқиқотии назди донишгоҳ дар мавзӯи «Модели бодбонии ҳамкории мутақобилаи физикӣ» (Парусная модель физического взаимодействия) семинари илмӣ-омӯзишӣ баргузор гардид.

Дар семинар муовини ректор оид ба илм ва инноватсия Сафармамадзода С.М. ва устодону кормандони Институти илмию таҳқиқотии донишгоҳ иштирок намуда, ходими пешбари илмии Институт Раҷабов Тоир Махсудович дар робита ба мавзӯи мазкур суханронӣ намуд.

Зимнан таъкид шуд, ки баргузории чунин ҳамоишҳо дар самти иҷрои корҳои илмию таҳқиқотӣ ва навкорию навҷӯӣ мусоидат менамоянд.