Имрӯз (30.06.2021) зумрае аз донишҷӯдухтарони Донишгоҳи миллӣ соҳиби «Шаҳодатнома»-и курси дӯзандагии назди донишгоҳ гардиданд.
Тавре иттилоъ дода будем, бо дастгирии роҳбарияти Донишгоҳи миллӣ ва дар доираи ҳамкориҳои дуҷониба бо Шӯрои ҳамкории рушди фарҳангии Шарқ ва Ғарб дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин, дар доираи лоиҳаи муштарак дар хобгоҳи №6-и донишҷӯёни донишгоҳ барои донишҷӯдухтарон Маркази дӯзандагӣ кушода шудааст. Дар маркази мазкур мутахассисони пуртаҷриба донишҷӯдухтаронро ба курсҳои омӯзишӣ ҷалб намуда, ба онҳо нозукиҳои касбро меомӯзонанд.
Дар курси дӯзандагии навбатӣ, ки давоми се моҳ доир гардид, 17 нафар донишҷӯ ҷалб гардида буд. Зимни супоридани шаҳодатномаҳо муовини аввал, муовини ректори донишгоҳ оид ба таълим Абдулмуминзода Н.А. донишҷӯёнро самимона табрик намуда, иброз дошт, ки роҳбарияти донишгоҳ на танҳо ба фаъолияти илмию таълимии донишҷӯён, балки баҳри сайқал додани маҳорати касбомӯзии онҳо низ таваҷҷуҳи вижа намуда, барои соҳибкасб гардидани мутахассисони оянда имкониятҳои мусоидро фароҳам сохтааст.
Ёдовар мешавем, ки курсҳои дӯзандагӣ дар марказ идома дошта, барои касбомӯзӣ шароити хуб муҳайё шудааст.