Шарифзода Нурулло Шариф
Мудири шуъбаи робитаҳои байналмилалии ДМТ.
Шарифзода Н.Ш. (тав. 26.10.1994), номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент. Дотсент Шарифзода Н.Ш. яке аз омӯзгорони ҷавон, масъулиятшинос ва донишманд буда, соли 2017 факултети молиявию иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси фаъолияти бонкӣ хатм кардааст. Шарифзода Н.Ш. дар вазифаҳои гуногун фаъолият намудааст, аз ҷумла:
2017-2019 | Ассистенти кафедраи баҳисобгирии муҳосибии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон; |
2019-2020 | Хизмат дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон (қисми ҳарбии 0123 – Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон); |
2020-2021 | Ассистенти кафедраи баҳисобгирии муҳосибии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон; |
2021-2023 | Ассистенти кафедраи молия ва суғуртаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. |
2023-2024 | Муаллими калони кафедраи молия ва суғуртаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. |
2024–2025 | Муовини декан оид ба тарбияи факултети молиявию иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон |
Аз моҳи июни соли 2025 то инҷониб | Мудири шуъбаи робитаҳои байналмилалии ДМТ |
СОБИҚАИ ҲИЗБӢ
аз соли 2017 инҷониб | Аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон |
КОРҲОИ ИЛМӢ – ТАҲҚИҚОТӢ
Муаллифи беш аз 30 асарҳои илмию методӣ ва таълимӣ, аз ҷумла 1 – адад монография, 4 васоити таълимӣ, 22 мақолаҳои илмӣ дар ҳаҷми зиёда аз 30,65 ҷузъи чопӣ. Мавсуф дар баробари ин, иштирокчии чандин чорабиниҳои муҳимми илмию фарҳангии сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ, хусусан дар самти тарғиби сиёсати давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – маориф ва ҷавонон мебошад.