ШУРО: ҚАДРДОНИИ ХОНАНДАГОНИ ЛИТСЕЙИ ДОНИШГОҲ

450

Имрӯз (07.02.2022) дар оғози ҷаласаи васеи Шурои олимони ДМТ дастовардҳои толибилмони Литсейи донишгоҳ муаррифӣ шуд. Гуфта шуд, ки гурӯҳе аз хонандагони Литсейи ДМТ дар олимпиадаи байналмилалии «Глобус», ки дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, иштирок намуда, ғолиби ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд. Ҳамзамон, 3 нафар хонандаи синфи 8-уми литсей дар озмуни гирандагони стипендияи Президентӣ барои соли таҳсили 2021-2022 ғолиб омада, бо шаҳодатнома ва лентаи рамзии гирандаи Стипендияи Президентӣ сарфароз гардид. Дар ҳамбастагӣ ба ин устодоне, ки барои омода намудани хонандагони мазкур саҳм гузоштанд, бо «Ифтихорнома»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон қадрдонӣ шуданд.

Дар идомаи ҷаласа дар робита ба масъалаҳои гуногуни фаъолияти илмию таълимӣ ва бахшҳои гуногуни донишгоҳ гузоришҳо шунида шуд ва фаъолияти мудирони кафедраҳо аз ҷумлаи масъалаҳои баррасигардидаи шӯро буд.