Чун анъана дар оғози ҷаласаҳои васеи Шурои олимони Донишгоҳи миллӣ дастоварду навгониҳои устодону кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳ муаррифӣ гардида, аз ҷониби раиси Шурои олимон, ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. қадрдонӣ мегарданд.
Имрӯз дар ҷаласаи навбатӣ дастовардҳои илмию эҷодии зумрае аз устодону донишҷӯён муаррифӣ шуд, ки табрик ва муаррифии дипломи доктори илм, дипломи номзади илм (Комиссияи олии аттестатсионии ҶТ ва Комиссияи олии аттестатсионии ФР), ғолиби ҷойи якум баромадани Китобхонаи илмии донишгоҳ дар озмуни шаҳрии «Китобхонаи беҳтарин» аз рӯйи номиннатсияи «Китобхонаи беҳтарини илмӣ-соҳавӣ» (ташкилотчӣ – Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе), бо Шаҳодатнома сарфароз гардидани иштирокчиёни фаъоли 12-умин Форуми иқтисодии ҷавонони АвруОсиё (ташкилотчӣ – Донишгоҳи давлатии иқтисодии Урали Федератсияи Русия) ва ғолиби ҷойи аввал ва медати тилло гардидани Абдуҷаллилов Муҳаммадҷон – донишҷӯйи курси 1-уми факултети молиявию иқтисодӣ дар мусобиқаи ҷумҳуриявии варзишӣ аз рӯйи намуди варзиши «Дзю-до» аз ин қабил буданд.
Зимнан ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. фаъолияти устодону донишҷӯёнро дар чорабиниҳои гуногунсатҳ назаррас арзёбӣ намуда, дар самти пажӯҳишҳои минбаъдаи илмию эҷодӣ тавсеаҳои судманд доданд.