Соли 2024 – Соли маърифати ҳуқуқӣ

Бо мақсади иҷрои банди 3-и «Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон намудани соли 2024», ки бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 марти соли 2024 тасдиқ шудааст ва дар асоси банди 19-и  Низомномаи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 сентябри соли 2021 тасдиқ гардидааст, бо фармоиши Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 апрели соли 2024 рамзи «Соли маърифати ҳуқуқӣ – 2024» тасдиқ карда шуд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ҳамзамон тибқи ин фармоиш ба вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, корхона, муассиса ва ташкилоти дигар тавсия дода шудааст, ки барои ба таври васеъ истифода ва тарғибу ташвиқ намудан, аз ҷумла  баҳри дар сомонаи расмӣ, шабакаҳои иҷтимоии дигар, ҷойҳои ҷамъиятӣ, биноҳои вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, корхона, муассиса ва ташкилоти дигар ҷойгир намудани рамзи «Соли маърифати ҳуқуқӣ – 2024» тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Рамзи «Соли маърифати ҳуқуқӣ – 2024» намуди доирашакл дошта, гирдогирди рамзро хати доирашакли сабз фаро гирифтааст, ки нишонаи сарсабзию шукуфоӣ, сарбаландиву хуррамӣ ва абадият мебошад.

Дар гирди қисми болои рамз бо забони тоҷикӣ «Соли маърифати ҳуқуқӣ», ки ифодагари моҳияти рамз мебошад, навишта шуда, дар қисми поёни он рамзи шараф – шохи баргдори дарахти лавр бо тасмаи серахаи печида, ки ифодакунандаи рангҳои Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ҷой гирифтааст.

Дар маркази доира ҷузъиёти асосии рамз – китоби кушода, офтоби оламоро ва тоҷдасти шоҳӣ ҷой дода шудаанд. Китоби кушода таҷассумкунандаи манбаи дониш, Конститутсия ва қонун, таълиму тарбия ва хирад,  офтоби оламоро – рамзи нур, гармӣ, шифо, саховатмандӣ ва тоҷдасти шоҳӣ бо тасвири нимдавраи офтобӣ ва ҳафт ситора ҳамчун рамзи ваҳдати миллӣ, иқтидори давлат ва роҳнамою равшанидиҳанда мебошад.

Дар қисми поёни маркази доира рақами «2024» нишон дода шудааст.

АКС: Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

khovar.tj

Иқтибоc аз Паём

Тамоми сохтору мақомоти давлатӣ, аз ҷумла мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд ҳамаи захираву имкониятҳоро ҷиҳати иҷрои вазифаҳои зикршуда барои соли 2024, ки сиюмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад, сафарбар намоянд.

Зеро Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки заминаи эъмори давлати мустақили миллӣ ва пешравии тамоми ҷанбаҳои ҳаёти мардуми кишварро фароҳам овардааст, яке аз дастовардҳои муҳимтарини мо мебошад.

Амалӣ намудани меъёрҳои Конститутсия ба мо имкон дод, ки пояҳои устувори ҷомеа ва давлатро созмон диҳем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро таҳким бахшем, рушди устувори иқтисодии кишварамонро таъмин намоем, барои ҳар як шаҳрванди мамлакат шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро муҳайё созем.

Бинобар ин, пешниҳод менамоям, ки соли 2024 ба ифтихори ин санаи бисёр муҳимми таърихӣ «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон карда шавад.

Мақолаҳо

МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ – ФАРҲАНГИ ИНСОНИ МУОСИР

МАОРИФ ВА РАВАНДИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

НАҚШИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚИИ АҲОЛӢ

МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ – ЗАМИНАИ БОЭЪТИМОДИ РУШДИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД

ШАҲҚОНУН

СОЛИ 2024 «СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ»

МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚИИ ШАҲРВАНДОН

НАҚШИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ ДАР БУНЁДИ ҶОМЕАИ МУТАМАДДИН ВА ЭЪМОРИ ДАВЛАТИ ОБОДУ МУОСИРИ МИЛЛӢ

МАЪРИФАТИҲУҚУҚӢ – 2024

МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ, ЯЪНЕ ЧӢ?

НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ТАЪМИНИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ