СТТР-И ФАКУЛТЕТИ ЖУРНАЛИСТИКАИ ДМТ ТАҶҲИЗОТИ НАВ ГИРИФТ

598

Имрӯз (06.10.2021) Студияи таълимии телевизион ва радиошунавонии (СТТР) факултети журналистикаи ДМТ бо таҷҳизоти нави замонавӣ муҷаҳҳаз гардид. Минбаъд донишҷӯёну устодони факултет машғулиятҳои амалиро дар паси дастгоҳҳои навтарини сабту наворбардорӣ, таҳияву пахши гуфтору барномаҳо баргузор менамоянд, ки ба касбошноӣ ва сатҳи баланди касбияти рӯзноманигорони оянда мусоидат хоҳад кард.

Фароҳамсозии чунин имконият ба шарофати ҳамёрӣ ва дастгирии Дафтари барномаҳои Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар Душанбе дар доираи Лоиҳаи “Вусъатбахшии иқтидори ВАО ва баланд бурдани стандартҳои журналистӣ” даст дод. Ин Лоиҳаи байналмилалӣ, ки дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад, расонидани кумакҳои техникӣ ва омӯзишии таҳсилоти олии касбӣ тибқи Созишномаи Балон дар бораи таъмини фазои ягонаи умумиаврупоии таҳсилоти касбиро фаро мегирад.

Муовини аввал, муовини ректор оид ба таълими ДМТ Насимҷон Абдулмуминзода дар расми қабули таҷҳизот бо сипос аз ҳамёрию ҳамкориҳои созмонҳои байналмилалӣ бо Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ёдовар шуда, изҳор дошт, ки чунин ҳамкориҳо баҳри дар миқёси байналмилалӣ бештар муаррифӣ гардидани таҳсилоти олии Тоҷикистон хизмат хоҳанд кард.

Тавре мушовири миллии Лоиҳа, муаллими калони кафедраи матбуоти факултети журналистика Қироншоҳ Шарифзода изҳор дошт, дар доираи Лоиҳаи мазкур аз ҷониби мутахассисони соҳа таҷдиду такмили барномаҳои омӯзишӣ ва нақшаҳои таълимии таҳсилоти олии журналистӣ ва силсилаи китобу дастурҳои таълимӣ низ дар назар аст.

Тоҷикистон ба ҳайати иштирокдорони Созишномаи Балон соли 2004 пазируфта шуда, аз соли 2010 узви комилҳуқуқи раванди Балон мебошад. Ҷорӣ шудани низоми кредитӣ ва таҳсилоти сезинаии таҳсилоти олӣ аз навовариҳои раванди мазкур буда, муассисоти таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ шурӯъ аз соли 2004 мунтазам ба ин низом ворид гардидаанд.

Дар назар аст, ки чунин кумаки техникӣ ба дигар факултетҳои журналистикаи мактабҳои олӣ низ расонида мешавад.