СУҲБАТ БО РАИСИ ШУРОИ ҶАҲОНИИ ТАҲАММУЛПАЗИРӢ ВА СУЛҲ

215

Имрӯз раиси Шурои ҷаҳонии таҳаммулпазирӣ ва сулҳ (марказаш дар Аморати Муттаҳидаи Араб) Аҳмад ибни Муҳаммат Ал-Ҷарвон, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сафар намудааст, ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ташриф оварда, бо роҳбарият ва зумрае аз устодону донишҷӯёни донишгоҳ вохӯрӣ намуд.

Раиси Шурои ҷаҳонии таҳаммулпазирӣ ва сулҳ Аҳмад ибни Муҳаммат Ал-Ҷарвонро ректори донишгоҳ, профессор Қобилҷон Хушвахтзода ва намояндагони сохторҳои дахлдори ҷумҳурӣ истиқбол намуданд. Қаблан меҳмони олиқадр бо ректори донишгоҳ мулоқот намуда, ҷонибҳо дар самти рушди ҳамкориҳо ҷиҳати омӯзиши таҷрибаи сулҳи тоҷикон ва баргузории ҳамоишҳои илмию назариявӣ дар робита ба таҳкими сулҳу суботи сартосарӣ табодули афкор намуданд. Зимни мулоқот ҷонибҳо ҳамчун рамзи дӯстӣ туҳфаи хотиравӣ тақдим намуданд.

Меҳмони олиқадр Аҳмад ибни Муҳаммат Ал-Ҷарвон баъд аз боздиди Осорхона ва Маркази илмӣ-таҳқиқотии Пешвои миллат дар толори калони Шаҳраки донишҷӯён бо зумрае аз устодону донишҷӯёни донишгоҳ вохӯрӣ намуд. Зимни вохӯрӣ ректори донишгоҳ ташрифи меҳмони олиқадр Аҳмад ибни Муҳаммат Ал-Ҷарвонро ба донишгоҳ ва мулоқоти ӯ бо устодону кормандонро қадами аввал дар самти рушди ҳамкориҳо унвон намуд.

Дар вохӯрӣ оид ба арзиши сулҳу дӯстӣ дар замони ҷаҳонишавӣ, ҳифзи оромию суботи сартосарӣ ва таҳаммулпазирӣ андешаҳои ҷолиб сурат гирифт. Таъкид шуд, ки таҳаммулпазирӣ ва сабру тамкин ин худ як роҳи беҳтарини ҳифз ва нигоҳ доштани оромию ободии ҷомеа мебошад. «Мо новабаста аз касбу кор ва ихтисоси доштаамону ҷойи корамон, дар ҳифзи хоки ватан, таъмини сулҳу субод ва таҳкими дӯстиву рафоқат саҳмгузор мебошем»-афзуд Аҳмад ибни Муҳаммат Ал-Ҷарвон.

Зикр шуд, ки вохӯрии мазкур дар самти баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонон ва таҳким бахшидани донишҳои сиёсии онҳо мусоидат менамояд.

Қобили қайд аст, ки дар ибтидои даҳаи дуюми асри 21 ҷомеаи ҷаҳонӣ шоҳиди низоъи густурдаи дохилӣ ва минтақавӣ гардида, он низоъҳо ба субботу пешрафти ҷаҳон таъсири манфӣ расонд. Дар чунин шароит идеяи таъсири Шурои ҷаҳонии таҳаммулпазирӣ ва сулҳ ҳамчун равзана ё платформаи байналмилалӣ, ки ба тарғиби таҳаммулпазирӣ, сулҳ ва ҳадафҳои неки инсонӣ нигаронида шудааст, ба вуҷуд омад.