ТАҲКИМИ ЗАМИНАҲОИ ҲУҚУҚИӢ – ОМИЛИ МУҲИМ ДАР ФАЪОЛИЯТИ МУОВИНОНИ ДЕКАНҲО

9

Ба истиқболи 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади таҳким бахшидани фаъолияти гуногуни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон силсилавохӯриҳои ректори Донишгоҳ, профессор Насриддинзода Э.С. бо роҳбарияти сохторҳои марбутаи муассиса баргузор гардида истодаанд.

Дар доираи ин иқдом имрӯз (21.04.2026) вохӯрии навбатии ректори Донишгоҳ бо муовинони деканҳо оид ба илм, таълим, тарбия, масъулини Литсейи равияи табиию риёзии назди Донишгоҳ, инчунин мудирони кафедраҳои умумидонишгоҳӣ ва намояндагони сохторҳои дахлдор баргузор гардид. Мақсади вохӯрӣ татбиқи самараноки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақоми омӯзгор” ва таҳкими заминаҳои ҳуқуқию таълимӣ дар фаъолияти Донишгоҳ арзёбӣ гардид.

Дар оғози вохӯрӣ мудири шуъбаи ҳуқуқи Донишгоҳ Шерзода Бурҳоналӣ оид ба муҳтавои бобҳои қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи фаъолияти илмию таълимӣ суханронӣ намуд. Таъкид гардид, ки риояи дақиқи санадҳо барои баланд бардоштани сифати таълим ва тарбия аҳаммияти калидӣ доранд.

Дар вохӯрӣ аз ҷониби ректори Донишгоҳ нақши муҳимми муовинони деканҳо ва мудирони кафедраҳо дар рушди устувори факултетҳо ва саҳмгузорӣ дар корҳои созандагию ободкорӣ ба истиқболи ҷашни миллӣ махсус қайд гардид. Зикр шуд, ки пешрафти ҳар як факултет аз фаъолияти босамар ва ташаббускории масъулини он вобастагии мустақим дорад.

Дар ҷараёни вохӯрӣ доираи васеи масъалаҳои муҳим, аз ҷумла такмили корҳои таълимию тарбиявӣ, баргузории чорабиниҳои илмӣ ва маърифатӣ, баланд бардоштани донишҳои ҳуқуқию ахлоқии донишҷӯён, инчунин муаррифии дастовардҳои факултету кафедраҳои умумидонишгоҳӣ дар сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор гирифтанд.

Баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, рушди тафаккури ҳуқуқӣ, такмили донишҳои назариявию амалӣ ва омода намудани мутахассисони рақобатпазир аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти Донишгоҳ арзёбӣ шуданд. Ҳамчунин, густариши ҳамкориҳои илмию таълимӣ бо муассисаҳои ватанию хориҷӣ, мубодилаи таҷриба ва ҷалби имкониятҳои нав барои рушди соҳаҳои гуногун муҳим дониста шуд.

Дар фарҷоми вохӯрӣ ректори донишгоҳ бо такя ба масъалаҳои баррасишуда ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода, зарурати тақвияти фаъолияти муассир ва ҳамоҳангшудаи сохторҳоро таъкид намуд.