ТАҶЛИЛИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ДОНИШГОҲИ МИЛЛӢ

182

Имрӯз(19.03.2024) дар Шаҳраки донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалӣ бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил гардид. Дар чорабинии мазкур намояндагони сохторҳои гуногуни ҷумҳурӣ иштирок доштанд. Насими баҳорӣ, фазои идонаи Донишгоҳ ба дили устодону донишҷӯён фараҳу шодӣ бахшид.

Дар саҳни Шаҳраки донишҷӯён аз ҷониби садорати факултетҳо, Литсейи табиию риёзӣ ва Донишкадаи таълимию фарҳангии Конфутсийи назди донишгоҳ хони наврӯзӣ, аз қабили ҳафтсин, ҳафтшин ва ҳафтмим, гӯшаи ҳунарҳои мардумӣ ва хуришҳои баҳорӣ ороста шуд, ки тамошобинон аз онҳо ҳаловат бурданд.

Ректори донишгоҳ, профессор Насриддинзода Э.С. ҳамроҳи меҳмонон ва намояндагони сохторҳои гуногуни донишгоҳ аз хони наврӯзӣ ва маҳорати эҷодию ҳунарии устодону донишҷӯёни факултетҳо боздид намуда, ба омодагии ҷашнии онҳо баҳои баланд доданд.

Дар идомаи чорабинӣ ректори донишгоҳ ҳозиринро ба Иди байналмилалии Наврӯз шодбош гуфта, таъкид дошт, ки Наврӯз бо пайки хуҷастаи худ ба табиати куҳандиёр таровати тоза, ба хонадон шодиву нишот ва файзу баракат, ба дили мардум армуғони умеду орзуҳои наҷиб меорад.

Сипас шоирони маҳбуби кишвар Муҳаммад Ғоиб ва Хайрандеш суханронӣ намуда, устодону кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳро ба ҷашни байналмилалии Наврӯз табрик гуфтанд.

Баъдан барномаи рангини ҳунарии ансамбли халқии «Наврӯз»-и донишгоҳ хотири тамошобинонро шод намуд, ки дар барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ сурудҳои тараннумгари васфи баҳор, Наврӯз ва сулҳу дустӣ хонда шуданд.

Ёдовар мешавем, ки дар робита ба ин иди миллӣ мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ, аз қабили шашкаву шоҳмот ва гӯштингирӣ бо ташаббуси роҳбарияти Донишгоҳ миёни донишҷӯёни факултетҳо ташкил шуд.