ТАҶЛИЛИ РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАБОНИ АРАБӢ БО ИШТИРОКИ САФИР

206

Имрӯз (18.12.2023) бо дастгирии Раёсати донишгоҳ ва садорати факултети забонҳои Осиё ва Аврупо, инчунин, ташаббуси кафедраи филологияи араби факултети мазкур Рӯзи байналмилалии забони арабӣ, ки ҳамасола 18-уми декабр баргузор мешавад, чорабинии илмӣ-фарҳангӣ баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур сафири фавқулодда ва мухтори Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валид ибни Абдурраҳмон ар-Решайдон иштирок намуд. Қаблан меҳмони олиқдр бо ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. мулоқот намуда, дар самти ҳамкориҳои дуҷониба табодули афкор намуданд.

Нишаст бо сухани муқаддимавии ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. оғоз ёфт. Гуфта шуд, ки муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистон ва кишварҳои арабӣ, аз ҷумла Арабистони Сайдӣ дар соҳаҳои гуногун рушд намуда, дар самти омӯзиши забон, адабиёт ва фарҳанги араб тадбирҳои муҳим андешида шудааст. Гуфта шуд, ки воқеан, забон бузургтарин нишонаи миллат аст, ки дар баробари гузаштаро ба имрӯз пайвастан боз ба унвони пуле байни миллатҳо хидмат мекунад. Чи тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Забони миллӣ оинаи пурҷилои таърих, ҷаҳони маънавӣ ва хираду маърифати ҳар як халқу миллат ба шумор меравад».

Ҳамзамон, зикр шуд, киҳануз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми Ифтитоҳи бинои сафорати Тоҷикистон дар пойтахти Амороти Муттаҳидаи Араб санаи 17.03.2016 қайд намуданд: “Рушду густариши муносибатҳои гуногунҷанбаи судманд бо ин кишвари барои мо дӯст яке аз самтҳои муҳими сиёсати хориҷии давлати Тоҷикистон аст”.

Бинобар ин аз нахустин рӯзҳои соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Шоҳигарии Арабистони Саудӣ муносибатҳои дӯстонаи дипломатиро ба роҳ мондааст. Шоҳигарии Арабистони Саудӣ аз нахустин кишварҳое ба шумор меравад, ки Истиқлолияти Тоҷикистонро ба расмият шинохт ва тайи беш аз сӣ сол мешавад, ки байни ин ду кишвари ба ҳам дӯст ҳамкориҳои судманди дуҷониба роҳандозӣ шуда истодааст.

“Имрӯз раванди ҷаҳонишавӣ тақозо менамояд, ки ҳар нафар, хусусан донишҷӯ дар баробари забони модарӣ як ё якчанд забони хориҷиро донад, зеро шинохти фарҳангҳои дигар, ҳимояи арзишҳои миллӣ ва таблиғи онҳо маҳз бо донистани забонҳои хориҷӣ таъмин мегардад. Ҳамин аст, ки Пешвои муаззами миллат дар суханрониҳои худ ба ҷавонон пайваста таъкид менамоянд, ки сарфи назар аз тахассус ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ таваҷҷуҳ намоянд.

Имрӯз дар Донишгоҳи миллӣ барои омӯзиши забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла, барои омӯхтани забони арабӣ тамоми шароит муҳайё мебошад. Танҳо донишҷӯён бояд ҳиммати забономӯзии худро бештар намоянду аз ин шароиту фурсат ба таври шоиста истифода баранд”- афзуд ректори донишгоҳ.

Дар идомаи ҳамоиш меҳмонон ва чанде аз устодону донишҷӯёни факултет суханронӣ намуданд.

Бояд қайд намуд, ки қисмати дигари ҳамоишро барномаи фарҳангӣ-фароғатии омоданамудаи донишҷӯёни факултет ташкил медод, ки бо як маҳорати баланди эҷодӣ гузаронида шуд. Дар оғоз дастаи донишҷӯён Суруди миллии Тоҷикистонро бо забони арабӣ қироат намуданд. Ҳамзамон, аз ҷониби чанд нафар донишҷӯён порчаҳои шеърӣ қироат шуд. Аҳли толорро маҳорати забондонии донишҷӯён ҷалб намуд. Аён шуд, ки донишҷӯён илми омӯхтаашонро дар амал хуб нишон медиҳанд.

Ашуралиева Шахзода