ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ДОНИШ

1177

Ҳамасола дар ватани азизамон – Тоҷикистон Рӯзи дониш ва дарси сулҳ – 1-уми сентябр ботантана гузаронида мешавад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин рӯзи муборак ба ин ё он муассисаи олӣ ва миёнаи кишвар ташриф оварда, роҷеъ ба яке аз соҳаҳои муҳимтарини иҷтимоии мамлакат – мактабу маориф изҳори назар менамояд. Имрӯз (01.09.2022) Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Рӯзи дониш ва дарси сулҳро дар бинои навсохти Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуали ибни Сино таҷлил намуданд. Чун анъана субҳи имрӯз аҳли илму маориф, аз ҷумла ҳайати устодону кормандон ва донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро тариқи шабакаҳои телевизионӣ тамошо намуданд.

Пас аз суханронии Пешвои миллат дар толори калони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Рӯзи дониш чун анъанаи солҳои гузашта бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил шуд. Дар ин санаи муборак намояндаи Ҳукумати ҷумҳурӣ, муовини сардори Раёсати илму маърифати Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафарзода А.И. ба донишгоҳ ташриф овард. Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Хушвахтзода Қ.Х. ҷамъомадро ифтитоҳ намуд ва ҳузури меҳмон ва аҳли нишастро ба ин боргоҳи илму маърифат хайрамақдам гуфта, аҳли нишастро ба муносибати Рузи дониш ва 31-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуд.

Сафарзода А.И. зимни ироаи номаи табрикотӣ аз бар намудани илму донишро барои донишҷӯён вазифаи аввалиндараҷа номида, таъкид кард, ки устодон бояд кӯшиш намоянд, мутахассисони хуб ва ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯро ба камол расонанд.

Дар ҷаласа академик Раҷабов Н.Р. тамоми устодону донишҷӯёни донишгоҳро ба соли нави таҳсил шодбош намуда, дар робита ба дастгириҳои Пешвои миллат нисбат ба мактабу маориф ва рушди илму истеҳсолот ибрози андеша намуд.

Дар интиҳо намояндаи хатмкунандагони донишгоҳ – донишҷӯёи факултети химия Ардашер Мансуров ба хотири такмили минбаъдаи савияи дониш дафтарчаи имтиҳонӣ ва калиди рамзии донишгоҳро ба намоянда аз донишҷӯёни курси якуми донишгоҳ – донишҷӯйи факултети физика Нозанини Нуриддин супорид.

Нишаст бо сухани хотимавӣ ва таманниёти неки ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. ба охир расид.