ТАҶЛИЛИ РӮЗИ КАСБИИ ГЕОЛОГҲОИ  ТОҶИК

272

Имрӯз баъд аз ифтитоҳи озмоишгоҳҳои таълимии “Конҳои канданиҳои фоиданок” ва “Гидрогеология, геологияи муҳандисӣ ва глятсиология” дар пояи факултети геологияи донишгоҳ дар толори фарҳангии Донишкадаи Конфутсийи назди донишгоҳ ҳамоиши илмӣ бахшида ба Иди касбии геологҳо баргузор гардид.Дар ҳамоиш намояндагони сохторҳои илмию таълимии ҷумҳурӣ ва устодону кормандони факултетҳои марбутаи донишгоҳ иштирок доштанд.

Ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. зимни сухани муқаддимавии хеш устодону кормандон ва донишҷӯёни факултет, инчунин, алоқамандони соҳаро ба Иди касбӣ муборакбод гуфта, иброз дошт, ки барои коллективи ин боргоҳ ва умуман олимону мутахассисони соҳа 9 – декабри соли 2011 рӯзи фаромӯшнашаванда ва таърихӣ аст. Дар ин рӯз мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони соҳаи геология баргузор гардид. Ин санаи муборак «Рӯзи касбии геологҳои  тоҷик» эълон гардид. Гуфта шуд, ки аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи геология таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда, барои  рушди соҳа ва зиёд кардани маблағгузорӣ ҷиҳати гузаронидани корҳои иктишофӣ – геологӣ тадбирҳои зиёд андешиданд.

Дар ин давра таваҷҷуҳи сармоягузорони дохилӣ ва хориҷӣ ба соҳа зиёд гардида, бо супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сохторҳои геологӣ бо як қатор ширкатҳои хориҷӣ барои бурдани корҳои иктишофию геологӣ ва истихроҷи конҳо ҳамкориҳоро ба роҳ монданд.  Ҷалби сармояҳо ба соҳа имкон доданд, ки дар объектҳои муайян корҳои иктишофӣ-геологӣ тезонида шаванд ва маблағҳои буҷети давлатӣ барои бурдани корҳои ҷустуҷӯии минтақавӣ, ҳалли масъалаҳои илмии геологияи ҷумҳурӣ равона гарданд.

“Ҳамин аст, ки Ҳукумати мамлакат ҳадафи чоруми миллиро саноатикунонии босуръати кишвар эълон доштанд ва дар самти амали гаштани иқдоми навбатӣ саҳми мутахассисони соҳаи геологияи ватанӣ муҳим мебошад. Зеро, мувофиқи маълумотҳои оморӣ дар кишвар зиёда аз 600 кон ва 800 зуҳуроти маъданӣ кашф гардидааст, ки омӯзиш ва истихроҷи онҳо барои иқтисодиёти кишвари мо муҳим мебошанд. Хушбахтона, имрӯз зиёда аз 60 номгӯи канданиҳои фоиданок аз қабили тиллову нуқра,  сурбу руҳ, сурмаву симоб, ангишт, нафту газ, масолеҳи сохтмонӣ, сангҳои қимматбаҳову ороишӣ, намак, флюорит ва ғ. коркард карда шуда, барои пешбурди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ мавриди истифода қарор гирифтаанд ва барои омӯхтан, ҷустуҷӯву иктишоф ва коркарди онҳо мутахассисони соҳаи геология ва саноати кӯҳӣ хеле лозим аст”- афзуд Хушвахтзода Қ.Х..

Таъкид шуд, ки факултети геологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамчун боргоҳи илму маърифати кишвар дар таълиму тарбия намудани мутахассисони ҷавони геология нақши асосӣ дорад. Дар ин боргоҳи илм имрӯз 5 доктори илм, 21 номзад ва 25 муаллимони ҷавону кормандони техникӣ кору фаъолият мекунанд. Бо пешниҳоди садорати факултет ва дастгирии роҳбарияти донишгоҳ дар назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Институти геология, сохтмонӣ ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи АМИТ Шурои муштараки диссертатсионӣ оид ба дарёфти дараҷаи илмӣ таъсис дода шудаст, ки дар самти омода намудани мутахасисон бузургтарин дастоварди илмӣ шинохта мешаванд.

Пешвои муаззами миллат дар як суханронии худ зикр кардаанд, ки:  «…Омӯзиш ва мавриди  истифода қарор додани боигариҳои зеризаминӣ кори осон нест. Боигариҳои  зеризаминӣ худ ба худ ба хазинаи давлат ворид намешаванд ва  истихроҷу коркарди онҳо ҷустуҷӯву заҳмати вазнин, хароҷоти зиёд ва вақти тӯлониро тақозо  менамояд». Аз ин лиҳоз, суханҳои пурҳикмату пурмуҳтавои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчун роҳнамо, моро водор мекунад, ки дар пайравӣ ба ин шахсияти бузург, барои рушди соҳаи геология ва ғанӣ гардонидани боигарии давлат, инчунин, баҳри татбиқи бемайлони саноатикунонии босуръати кишвар кӯшиш ба харҷ диҳем.

  Дар идомаи ҳамоиш зумрае аз меҳмонон, аз ҷумла намояндаи Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва устодони факултет Шарипов Г.В. ва Сафаралиев Н.С. оид ба дастгириҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ ва дастовардҳои соҳа суханронӣ намуданд. Зимнан гуфта шуд, ки имрӯз дар рушду инкишофи соҳаи геология  фаъолияти  пурсамари олимони соҳаи маҳаллӣ низ, ба монанди  Сороҷон Юсупова, Рауф Баротов, Абдулҳақ Файзиев, Абдураҳим Ҳасанов ва дигарон низ назаррас аст.  Олимони факултети геология якҷоя бо олимони дигар давлатҳо корҳои илмии худро дар минтақаҳои гуногуни кишвар дар соҳаҳои гуногуни геология давом дода, корҳои зиёдеро ба анҷом расониданд. Аз ҷумла, олимони факултет якҷоя бо ҳамкорони рус дар даврони истиқлол якчанд минералҳои навро ошкор намуданд. Ба шарафи олимони факултет, аз ҷумла профессорон Баротов Р., Файзиев А.Р., Ҳасанов А.Ҳ. ва Искандаров Ф.Ш. номгузорӣ шудани минералҳои нав – “баротовит”, “файзиевит”, “ҳасановит” ва “искандаровит” шаҳодати он аст, ки олимони тоҷик шуҳрати ҷаҳонӣ доранд ва илми онҳоро олимони соҳа қадр мекунанд.

Дар ҷараёни ҳамоиш зумрае аз устодону кормандони факултет бо ифтихорномаву сипосномаи Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ шуданд.