Ҳамасола ҳафтаи охири моҳи сентябр бахшида ба Рӯзи Конфутсий ҷамъомади илмӣ-фарҳангӣ ташкил ва баргузор гардонида мешавад. Имрӯз (28.09.2022) бо ин муносибат дар пояи Донишкадаи таълимию фарҳангию Конфутсийи назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳти унвони «Донишкадаи Конфутсий – шарики боэътимоди шумо» чорабинии фарҳангӣ гузаронида шуд.
Дар чорабинӣ меҳмонон аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ва намояндагони Сафорати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок доштанд. Ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. зимни сухани муқаддимавии хеш афзуд, ки Донишкадаи таълимию фарҳангии Конфутсийи назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз ибтидои таъсисёбӣ дар ташвиқу тарғиби фарҳанги бойи Тоҷикистону Чин ва рушди забони чинӣ нақши назаррас гузошта истодааст. “Тули 14 соли фаъолият Донишкада ҳамчун як пули пайвасткунандаи забону фарҳанг миёни ду давлати бузург-Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии мардумии Чин хизмат мекунад.
Таъкид шуд, ки яке аз дастовардҳои назарраси Донишкада дар 14 соли фаъолият аз он иборат аст, ки соли ҷорӣ бо толошҳои пайваста ва якҷояи ҷониби Тоҷикистон ва Чин соҳиби бинои хуштарҳу замонавии муҷаҳҳаз бо тамоми лавозимоти таълимӣ, синфхонаҳои дарсӣ, толорҳои маҷлисӣ, майдончаи варзишӣ ва амфитеатри замонавӣ гардид. Ин дастовард аз муносибати дуҷонибаи дӯстонаи Тоҷикистону Чин маншаъ мегирад.
Дар чорабинӣ директори Донишкадаи таълимию фарҳангии Конфутсийи назди ДМТ аз ҷониби Чин Лю Ҷиен Вей суханронӣ намуда, афзуд, ки Рӯзи Донишкадаи Конфутсий шурӯъ аз 27-уми сентябри соли 2014 бо мақсади истиқбол гирифтани даҳсолагии таъсисёбии Дафтари Маркази Институти Конфутсий ташкил шудааст. Рӯзи Донишкадаи Конфутсий то ба имрӯз нуҳ маротиба дар беш аз 1500 донишкада ва марказҳои Конфутсийи назди 159 давлати ҷаҳон ҷашн гирифта мешавад. Ин чорабини дар сатҳи гуногун, аз ҷумла бо баргузории ҳамоишҳои илмию фарҳангӣ ва намоиши дастовардҳои илмию таълимӣ ҷашн гирифта мешавад.
Баъд аз суханронии меҳмонон ансамбли халқии “Наврӯз”-и донишгоҳ барномаи муштараки фарҳангиро манзури тамошобинон намуданд.
Сипас иштирокчиёни чорабинӣ аз намоиши ҳунарҳои миллии чинӣ: таомҳои лазиз, асбобҳои мусиқӣ, филмофарӣ, расомӣ, таҷрибаи тибби чинӣ, санъати дастӣ ва либоси чинӣ, ҳамзамон, ҷараёни дарсҳои таълимию фарҳангӣ боздид намуданд.
Бояд зикр намуд, ки Донишкадаи таълимию фарҳангии Конфутсийи назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон яке аз неруҳои асосии тақвиятбахшандаи дӯстӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин маҳсуб меёбад ва он соли 2008 таъсис ёфтааст. Имрӯз дар Донишкада зиёда аз 800 нафар ба омӯзиши забони чинӣ фаро гирифта шудаанд, ки барои таҳсили онҳо дар донишкада шароити мусоид муҳайё гаштааст.