ТАҶЛИЛИ РӮЗИ МАТБУОТ ДАР ДМТ

142

Санаи 11-уми март бахшида ба Рӯзи матбуот дар толори калони Шаҳраки донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар мавзӯи «Рушди матбуоти тоҷик дар даврони соҳибистиқлолӣ» ҳамоиш баргузор гардид. Дар нишаст намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттифоқи журналистон, Шурои ВАО, муҳаррирони нашрияҳои давриву сомонаҳои интернетӣ ва устодону донишҷӯёни факултети журналистикаи ДМТ иштирок намуданд.

Дар оғоз ректори донишгоҳ, профессор Насриддинзода Э.С. аҳли нишастро ба муносибати Рӯзи матбуот – 11-уми март самимона табрику таҳният гуфта, ба эшон тандурустиву рӯзгори обод таманно намуданд. Мавсуф аз таъкидҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, иброз доштанд, ки матбуоти тоҷик нақши муҳим ва муассирро дар рушду нумӯи кишвари азизамон – Тоҷикистон мебозад. Ба таъкиди Пешвои миллат: “Муҳим нест, ки рӯзноманигорон дар кадом самт – матбуоти давлатӣ ё матбуоти мустақил фаъолият доранд. Ҳадафи асосии матбуоти ҳукуматӣ ва мустақил ҳамчун ду шохаи бо ҳам пайвастаи матбуоти Тоҷикистон иҷрои рисолати касбӣ, яъне хизмати содиқона ва софдилона ба манфиати халқу Ватан мебошад”.

«Бо боварии комил метавон гуфт, ки шумо намояндагони ВАО имрӯз рисолати хешро дар ҷодаи расонидани иттилоот, инъикоси дастовардҳо ва мушкилоти ҷомеаи мо ва ҳифзи манфиатҳои мардум ва миллии Тоҷикистон поквиҷдона ва бо масъулият иҷро карда истодаед»-афзуд Насриддинзода Э.С..

Сипас намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Масрур Абдуллозода,муовини аввали вазири фарҳанг Назариён Обид Одилзода, раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зинатулло Исмоилзода сухани табрикотӣ намуда, нақши ВАО-ро дар ҳифзи дастовардҳои замони Истиқлолияти давлатӣ муҳим арзёбӣ намуданд.

Гуфта шуд, ки дар шароити муосир дар рӯзгори мо нақши воситаҳои ахбори омма торафт меафзояд. Зеро расонаҳо оинаи зиндагӣ буда, дар онҳо набзи зиндагӣ инъикос ва таҳлилу баррасӣ мегардад. Ҳамин андешаро нисбат ба матбуоти тоҷик метавон баён кард. Таърихи матбуоти тоҷик моломоли талошҳои созандаву пуршараф аст. Матбуоти тоҷик низ дар таърихи 112-солаи худ дар роҳи пешрафт ва ташаккули афкори ҷомеа, тарғибу ташвиқи арзишҳои милливу умумибашарӣ новобаста аз сиёсати замон содиқ будаву ҳаст. Чароғеро, ки дар он рӯзгор ташаббускорони нахустин нашрияи тоҷикӣ «Бухорои шариф» афрӯхтанд, талоше барои рӯшанӣ андохтан дар рӯзгори аҷдодони мо буд. Ин нашрия камтар аз 10 моҳ умр дид, аммо роҳеро кушод, ки барои садсолаҳо хизмат хоҳад кард. Имрӯз «Бухорои шариф» барои аҳли қалами расонаҳои тоҷикӣ нахустин сабақи омӯзиши маҳорат вакасбият буда, дар роҳи тарғибу ташвиқи маърифати замонӣ, худшиносиву худогоҳӣ, рушноибахш ва мактаби ибрат боқӣ мондааст.

Таъкид шуд, ки бо шарофати истиқлолияти комили сиёсии Ватани азизамон – Тоҷикистон барои фаъолияти густурдаи матбуот ва умуман воситаҳои ахбори омма фазои созгоре муҳайё гардид. Чун бо қабули Конститутсия мо бунёди ҷомеаи ҳуқуқбунёдро мақсади худ қарор додем, аввалин иқдоми роҳбарияти давлати тозаистиқлоли мо фароҳам сохтани заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти воситаҳои ахбори омма буд. Дар ин росто даҳҳо асноди ҳуқуқӣ, аз ҷумла қарору қонунҳо, амру фармонҳо ба тасвиб расиданд, ки тамоми паҳлуҳои фаъолияти расонаҳоро танзим мекунанд. Қабули ин аснод, пеш аз ҳама, ба иродаи қавии сиёсии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иртибот мегирад.

Маҳз истиқлолият имкон дод, ки мо иди касбии рӯзноманигоронро дар рӯзи чопи нахустин рӯзномаи тоҷикӣ «Бухорои шариф» таҷлил намоем. Ин ҷашн пос доштани рӯҳи дастандаркорони «Бухорои шариф», арҷ гузоштан ба талошҳои собиқадорони матбуот ваэҳтиром кардани меҳнати имрӯзиёнро ифода мекунад. Ин ҷашнест, ки аҳли қалам – рӯзноманигоронро дар роҳи иҷрои вазифаҳои касбиашон ба ҳам меорад.

Дар анҷоми чорабинӣ зумрае аз устодону кормандони донишгоҳ бо Сипосномаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ҳавасманд гардонида шуданд.