ТАҶЛИЛИ РӮЗИ МОДАР ДАР ДОНИШГОҲ

181

Имрӯз (04.03.2025) бахшида ба Рӯзи модар дар толори асосии Донишгоҳи миллӣ чорабинии идона баргузор гардид. Нахуст аз номи роҳбарияти Донишгоҳ ҳамчун рамзи эҳтиром ба зиёда аз сесад нафар бонувон гулҳои баҳорӣ тақдим гардид.

Чорабинӣ бо садо додани Суруди миллӣ ва сухани табрикотии ректори Донишгоҳ, профессор Насриддинзода Э.С. оғоз ёфт. Зимнан ректори Донишгоҳ аз дастгириҳои ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи мавқеи зан дар ҷомеа изҳори андеша намуд. Гуфта шуд, ки дар тамоми давраҳои таърихии миллатамон қадру қимати зани тоҷик ҳамеша баланд буд ва нақши онҳо дар инкишофи тамаддуни фарҳанги миллӣ басо бузург аст. Бо ташаббус ва ибтикори бевоситаи Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор тадбирҳои мушаххас, қабул кардани барномаи давлатӣ оид ба ҷо ба ҷо гузории кадрҳо аз ҳисоби занон, бунёди хобгоҳҳо барои донишҷӯдухтарон, ҷудо намудани гранти Президентӣ барои институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, қабули духтарон тибқи квотаи Президентӣ ба муассисаҳои олии касбӣ амалӣ шуда истодаанд.

Дар идомаи чорабинии мазкур Мусоева Рафиқа – вакили Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Абдухолиқзода Лутфия – муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кароматуллои Қурбон – декани факултети биологияи Донишгоҳ суханронӣ намуда, бонувони кишвар ва дар симои онҳо устодону кормандони Донишгоҳро бахшида ба Рӯзи модар табрик намуданд.

Гуфта шуд, ки мавқеи зани тоҷик дар ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии мамлакат ва фаъолияти онҳо дар рушди босуботи кишварамон назаррас мебошад. Занону модарони тоҷик, ки имрӯз дар фазои сулҳу субот ҳаёт ба сар мебаранд, бояд он донишу малакае, ки доранд, баҳри пешрафту шукуфоии Ватани хеш сарф намояд.

Дар қисмати дигари чорабинӣ бо иштироки намояндагони бахши кор бо занон ва бонувони Дастгоҳи шаҳри Душанбе, роҳбарияти Дастгоҳи Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ва Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба чанде аз занону духтарони Донишгоҳ Ифтихорномаи Кумита супорида шуд.

Ҳамзамон, тибқи фармоиши ректори Донишгоҳ як қатор омӯзгорону кормандон ва донишҷӯдухтарони фаъоли Донишгоҳ барои пешбурди раванди таълиму тарбия ва иштирок дар корҳои ҷамъиятӣ бо Ифтихорномаи ДМТ ҳавасманд гардонида шуданд. Боиси қайд аст, ки ба ин муносибат тамоми бонувони Донишгоҳ бо мукофотпулӣ сарфароз гардонида шуданд.

Дар охир ансамбли халқии “Наврӯз” баҳри фароғати ҳозирин ва гиромидошти зан-модар барномаи хуби фарҳангиро бо иштироки сарояндагони шинохтаи ҷумҳурӣ – Хиромон Қурбонзода ва Рӯзибой Идизода намоиш доданд.