ТАҶРИБАОМӮЗИИ МАГИСТРАНТИ ДОНИШГОҲ ДАР АКАДЕМИЯИ ИЛМҲОИ ЧИН

334

Дар доираи ҳамкории астрономҳои тоҷик бо Институти астрономияи Синзяни Академияи илмҳои Чин магистри курси дуюми кафедраи астрономияи факултети физика Шарифова Фарангис аз 15 то 26 август дар шаҳри Урумчии Ҷумҳурии халқии Чин дар мактаби тобистона аз рӯи барномаи «Central Asia radio-Astronomy Traninig Workshop» табодули таҷриба намуд. Дар ин мактаб ба ҷузъ намояндаи Тоҷикистон, инчунин, аз ҷумҳуриҳои Узбекистон ва Қазоқистон ширкат доштанд. Дар рафти таҷрибаомӯзӣ олимони Институтии астрономияи Синзян – профессорон Минг Ҷанг, Син Пей, Ксинди Танг, Ютсинг Ҳе, Далей Лӣ, Рай Юйен, Ҷигенг Вен ва Ҳюгенг Сонг ба онҳо нозукиҳои мушоҳида коркарди рақамии тасвирҳои гирифташударо ёд доданд. Дар ҷараёни таҷрибаомӯзӣ доир ба радиомавҷ ва спектри электромагнитӣ дар радиотелескопҳо, полиризатсия, астрохимия, ташаккул ва таҳаввули ситораҳо, ошкор намудани хатҳои молекулавӣ дар спектри ситораҳо, назарияҳо ва мушоҳидаи пулсарҳо, назарияи идораи радиотелескопҳо дарс гуфтанд. Дар ҷараёни таҷрибаомӯзӣ, инчунин, аз расадхонаи Нансан ва расадхонаи радиоастрономии Чин дидан намудан. Дар охир ба иштирокчиёни беҳтарин сертификатҳо супориданд.

Шарифова Ф. хатмкунандаи ихтисоси астрономия буда, соли 2022 ба шуъбаи магистратура аз рӯи ихтисоси астрономия (таҳқиқоти сайёраҳо) дохил шуд. Дар доираи ҳамкориҳои илмӣ барои таҷрибаомӯзӣ ба Институти астрономии Синзяни Академияи илмҳои Ҷумҳурии халқии Чин фиристода шуд. Шарифова Ф. донандаи хуби забони англисӣ ва чинӣ буда, аз рӯи мавзӯи илмияш “Таҳқиқи синхронаҳои думи чангини кометаи С/2009 N3 LULIN” маърӯзаи илмӣ анҷом додааст.