ТАЪМИНИ МУАССИСАҲО БО МУТАХАССИСОНИ ҶАВОН

18

Дар доираи тадбирҳои андешидашудаи Ҳукмати кишвар ҷиҳати таъмини муассисаҳои таълимӣ ва ташкилоту идораҳои ҷумҳурӣ бо кадрҳои баландихтисос, дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон раванди муҳими тақсимоти хатмкунандагони гурӯҳҳои буҷавии шуъбаҳои рӯзонаи хатми соли таҳсили 2024-2025 дар ихтисосҳои омӯзгорӣ ва ғайриомӯзгорӣ баргузор гардид.

Ҷиҳати роҳандозӣ намудани ин амал имрӯз (05.05.2025) дар толори калони Шаҳраки донишҷӯёни Донишгоҳ маросими тақсимоти хатмкунандагони гурӯҳҳои буҷавии равияҳои омӯзгорӣ гузаронида шуд. Дар ин чорабинӣ хатмкунандагони ихтисосҳои равияи омӯзгории факултетҳои марбутаи Донишгоҳ ва намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок доштанд.

Зимни суханронӣ муовини аввал, муовини ректори Донишгоҳ оид ба таълим Раҷабзода Ф.К. таъкид намуд, ки ҳадафи асосии ин раванд, ки дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илм ва дигар вазорату идораҳои дахлдор амалӣ мегардад, таъмини муассисаҳои таълимӣ бо мутахассисони ҷавони дорои дониш ва малакаҳои муосир мебошад.

Зимнан мудири шуъбаи таҷрибаомӯзӣ ва рушди касбияти Донишгоҳ Муминзода Нозим, сармутахассиси Раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси Вазорати маориф ва илм Сафарзода Садафмо дар робита ба тартибу низоми раванди тақсимоти хатмкунандагони равияи омӯзгорӣ маълумоти муфассал дода, барои ҷалби ҷавонони хушсалиқа ба ҷойи кор тавсеаҳои судманд доданд.

Таъмини муассисаҳои таълимӣ ва ташкилоту идораҳо бо мутахассисони ҷавон имкон медиҳад, ки сатҳи таълиму тарбия ва хизматрасонӣ ба аҳолӣ беҳтар гардад.