ТАНЗИМИ ҲУҚУҚИИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ҲАМЧУН ОМИЛИ РУШДИ УСТУВОР

21

Бо ташаббуси кафедраи ҳуқуқи соҳибкорӣ ва тиҷорати факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳти унвони «Масоили ҳуқуқии танзими зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имкониятҳои нав барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ» конференсияи байналмилалии илмию назариявӣ баргузор гардид. Ҳамоиш бахшида ба эълони солҳои 2025–2030 ҳамчун «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» ва қабули қатъномаи махсуси СММ зери унвони «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти нав барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ» доир гардид.

Дар кори конференсия намояндагони сохторҳои илмӣ ва таълимии дохилӣ ва хориҷӣ, олимон, муҳаққиқон ва мутахассисони соҳаи ҳуқуқ ширкат варзиданд. Аз ҷумла, дар ҳамоиш иштироки фаъолонаи гурӯҳи олимони шинохтаи Ҷумҳурии Қазоқистон таҳти роҳбарии академики Академияи ҳуқуқии миллии Ҷумҳурии Қазоқистон, доктори илмҳои ҳуқуқ Байгелдиев Даурен Лиханович ба назар расид, ки аз зумраи меҳмонони намоёни байналмилалии ин чорабинӣ буданд.

Ҳамоиш бо сухани муқаддимавии муовини ректори ДМТ оид ба илм ва инноватсия, профессор Сафармамадзода С.М. ва мудири кафедраи ҳуқуқи соҳибкорӣ ва тиҷорати факултет Давлатмандзода Э.Д. оғоз ёфт. Дар суханрониҳои ифтитоҳӣ зарурати омӯзиши амиқи паҳлуҳои ҳуқуқии рушди зеҳни сунъӣ ва нақши он дар таъмини рушди устувори иқтисоди рақамӣ таъкид гардид.

Дар оғози ҳамоиш суханрониҳои як қатор олимони барҷаста шунида шуд. Аз ҷумла, Раҳимзода Маҳмад Забир – доктори илмҳои ҳуқуқ, профессори кафедраи ҳуқуқи соҳибкорӣ ва тиҷорати ДМТ, Байгелдиев Даурен Лиханович – академики Академияи ҳуқуқии миллии Ҷумҳурии Қазоқистон, доктори илмҳои ҳуқуқ, профессори кафедраи ҳуқуқи молия ва иқтисоди Донишгоҳи миллии Қазоқистон ба номи Ал-Форобӣ, Исмоилов Шавкат Маҳмудович – доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор кафедраи ҳуқуқи иқтисодӣ ва молиявии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, Саулет Нурлан – ходими калони илмии Институти парлумении назди Дастгоҳи Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон ва Ғаюрзода Шуррулло –профессори ДМТ.

Зимни ҳамоиш масъалаҳои калидии танзими ҳуқуқии зеҳни сунъӣ, таъсири он ба муносибатҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ, инчунин зарурати ҳамоҳангсозии қонунгузорӣ дар сатҳи минтақавӣ мавриди таҳлил қарор гирифтанд. Ҳамоиш ба минбари муҳими мубодилаи афкор ва таҷрибаи илмӣ дар самти таҳияи асосҳои ҳуқуқии рушди устувори иқтисоди рақамӣ ва истифодаи самараноки зеҳни сунъӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ табдил ёфт.

Дар зимн таъкид шуд, ки таҳкими заминаҳои ҳуқуқии идоракунии рақамӣ ва инноватсионӣ, инчунин истифодаи дурусти зеҳни сунъӣ яке аз омили калидии рушди устувори иқтисодӣ ва иҷтимоии кишварҳои минтақа хоҳад буд.