ТАШКИЛИ ДАСТАИ ФУТБОЛИ ХУРДИ ДОНИШГОҲ

342

Истиқлолияти давлатӣ ба рушди ҳамаҷонибаи варзиш дар мамлакат заминаи воқеӣ ва устувореро гузошт. Пешравӣ ва дастовардҳои арзандае, ки варзишгарони муваффақи кишвар дар замони соҳибистиқлолӣ ба даст овардаанд, барои миллати тоҷик беназир аст. Бешак, дар саргаҳи ҳамаи ин дастовардҳо ташаббус ва сиёсати варзишпарваронае меистад, ки мардуми шарафманди тоҷик онро ба номи Сарвари оқили худ – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рақам мезананд.

Яке аз дастовардҳоиназаррас ин эълон шудани 25-уми май ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии футбол мебошад, ки аз ҷониби Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустам Эмомалӣ ба СММ пешниҳод ва қабул гардид.

Имрӯз (19.06.2024) дар робита ба татбиқи сиёсати варзишпарваронаи Ҳукумати ҷумҳурӣ ректори Донишгоҳи миллӣ, профессор Эмомалӣ Насриддинзода бо ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Дилшод Ҷӯразода мулоқот намуд. Ҳадаф аз вохӯрӣ рушди бештари соҳаи варзиш дар Донишгоҳ, хусусан дар самти ташкили дастаи футболи хурди ДМТ буд.

Зимнан гуфта шуд, ки устодону кормандон ва донишҷӯёни Донишгоҳ дар баробари соҳаҳои интихобнамудаашон, инчунин, ба соҳаи варзиш таваҷҷуҳи зиёд дошта, пайваста дар чорабиниҳои гуногуни варзишӣ иштирок намуда, соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ мегарданд. Ҳамин аст, ки бо дастгирии роҳбарияти олии мамлакат дар назди Донишгоҳ Маҷмааи муосири варзишӣ сохта ба истифода дода шуд. Дар он барои рушди соҳаи мазкур имконияти мусоид фароҳам оварда шудааст. Ташкили мусобиқаҳои варзишӣ оид ба футболи хурд барои дарёфти «Ҷоми ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон» миёни устодону кормандон ва сохторҳои марбутаи Донишгоҳ аз ин қабил иқдомҳо мебошад. Ташкили дастаи футболи хурди Донишгоҳ барои таблиғи тарзи ҳаёти солим бештар мусоидат хоҳад намуд.