ТАШРИФИ МУОВИНИ РАИСИ КУМИТАИ ДОИМИИ МАҶЛИСИ УМУМИЧИНИИ НАМОЯНДАГОНИ ХАЛҚИИ ҶМЧ БА ДМТ

276

Имрӯз (15.12.2023) муовини Раиси Кумитаи доимии Маҷлиси умумичинии намояндагони халқии Ҷумҳурии Мардумии Чин, муҳтарам Чжан Тсинвэй, ки бо сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад, ба Донишкадаи таълимию фарҳангии Конфутсийи назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ташриф оварданд.

Меҳмони олиқадрро намояндагони сохторҳои дипломатии ҷумҳурӣ ва ҳайати роҳбарикунандаи Донишгоҳи миллӣ таҳти роҳбаладии ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. истиқбол гирифтанд.

Меҳмони олиқадр ҳамроҳ бо Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон ҷаноби Сзи Шумин ва ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. аз шароиту имкониятҳои Донишкадаи таълимию фарҳангии Конфутсийи назди ДМТ боздид намуд.

Баъд аз боздид вохӯрии меҳмони олиқадр бо устодону донишҷӯёни донишгоҳ дар толори калони донишкадаи мазкур баргузор гардид.

Ректори донишгоҳ зимни суханронӣ ташрифи меҳмони олиқадрро ба ДМТ хайрамақдам гуфта, иброз дошт, ки ба шарофати сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи раҳбарони кишварҳоямон – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин, муҳтарам Си Ҷинпин муносибатҳои байни кишварҳо ба сатҳи комилан нав баромадааст.

Таъкид шуд, ки ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи илму маориф бо Ҷумҳурии Мардумии Чин дар асоси созишномаи ҳамкорӣ ва дӯстӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин аз 15 январи соли 2007 сурат мегирад. Фаъолияти пурсамари Донишкадаи Конфутсий дар назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз соли 2008 далели равшани сатҳи баланди ҳамкориҳо мебошад.

Гуфта шуд, ки бо талошҳои муштараки ду донишгоҳ: Донишгоҳи миллӣ ва Донишгоҳи омӯзгории Синзиян ва бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин моҳи июни соли 2022 бинои нави таълимии Донишкадаи Конфутсий дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба истифода дода шуд, ки базаи моддию техникии он баҳри муҳассилини донишкада заминаи хуб гузоштааст.

“Тайи солҳои ҳамкориҳои илмию таълимӣ ва фарҳангӣ ба шарофати фаъолияти ҳадафмандонаи Донишкадаи Конфутсий дар самтҳои гуногун робитаҳо мустаҳкам гардида, кишварҳо дар бахшҳои мухталиф ба сатҳи баланди шарикӣ ноил гардиданд”- гуфта шуд дар вохӯрӣ.

Дар интиҳо барномаи фарҳангии омоданамудаи ансамбли халқии “Наврӯз”-и донишгоҳ пешкаши ҳозирин гардонида шуд.