ТАЪСИСИ МАРКАЗИ ТАЪЛИМӢ ДАР ЗАМИНАИ ДОНИШГОҲИ МИЛЛӢ

680

Дар заминаи ҳамкориҳои дӯстона роҳбарияти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо Донишгоҳи давлатии Санкт-Петербурги Федератсияи Русия тасмим гирифтаанд, ки Маркази таълимӣ-омӯзишии муштараки муҳоҷирони меҳнатӣ дар заминаи ДМТ ташкил карда шавад. Имрӯз (07.04.2022) ин масъала дар суҳбати маҷозии (онлайнии) муовини ректори ДМТ оид ба робитаҳои байналмилалӣ Мирзамонзода Х.М. ва муовини ректори Донишгоҳи давлатии Санкт-Петербург оид ба фаъолияти байналмилалӣ Андрюшин Сергей Владимирович мавриди баррасӣ қарор гирифт. Зимнан таъкид шуд, ки мақсад аз ташкили маркази мазкур татбиқи қонунгузории Русия мебошад, ки ба шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла муҳоҷирон пешбинӣ шудааст. Омӯзиши забони русӣ, ҳуқуқҳои буду бош ва фаъолияти корӣ дар Федератсияи Русия аз ҷумлаи ҳадафҳои асосии таъсиси марказ мебошад.

Ёдрас мешавем, ки ташкил намудани Маркази таълимӣ-омӯзишии муштараки муҳоҷирони меҳнатӣ дар заминаи ДМТ-ро Вазорати маориф ва илми Федератсияи Русия ҷонибдорӣ намудааст.