ТАТБИҚИ ҲАДАФҲОИ СТРАТЕГИИ ҶУМҲУРӢ ДАР РУШДИ ИҚТИСОДИЁТ

132

Имрӯз дар ҳошияи сиёсати моливию иқтисодии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамоиши ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ дар мавзуи «Механизмҳои молиявию қарзии татбиқи ҳадафҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳошияи ташаббусҳои Пешвои миллат» доир гардад.

Дар чорабинӣ намояндагони сохторҳои дахлдори ҷумҳурӣ ва устодону кормандони Донишгоҳ иштирок намуданд.

Ректори Донишгоҳ, профессор Эмомалӣ Насриддинзода дар ифтитоҳи ҳамоиш аз сиёсати имрӯзаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба вижа Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушди соҳаи иқтисодию иҷтимоии кишвар ёдовар шуданд.

Тавре Пешвои миллат таъкид кардаанд: “Низоми молияву бонкии кишвар ҳамчун омили муҳимми рушди иҷтимоиву иқтисодии Тоҷикистон бояд ба афзалиятҳои кишвар ва ба манфиати ҷомеа равона шуда, барои бо сармоя таъмин намудани соҳаҳои воқеии иқтисодиёт, ҳавасманд гардонидани соҳибкорону тоҷирон ва умуман, баланд бардоштани фаъолнокии иқтисодӣ дар ҷомеа, ташкили ҷойҳои корӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ хизмат намояд. Пешбурди оқилонаи сиёсати молиявӣ ва муътадилии он дар ҳамаи давру замонҳо омили асосии устувории давлат мебошад”.

Сипас номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсенти кафедраи географияи иқтисодии факултети молиявию иқтисодии ДМТ Ҷамшед Ёров дар мавзуи “Тафаккури географӣ ва нақши он дар фазои муносибатҳои геополитикӣ”, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, мудири кафедраи ҳуқуқи соҳибкорӣ ва тиҷорати факултети ҳуқуқшиносии ДМТ Мавлоназарзода Одилбек дар мавзуи “Низоми андозбандии соҳибкорони инфиродӣ ва нақши онҳо дар иқтисодиёти кишвар”,

номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсенти кафедраи кори бонкии факултети молиявию иқтисодии ДМТ Кароматулло Сайфуров дар мавзуи “Роҳҳои густариши саводнокии молиявии аҳолӣ ва таъсири он ба рушди фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ” ва муаллими калони кафедраи иқтисодиёти ҷаҳонии факултети молиявию иқтисодии ДМТ Меҳровар Кишваров дар мавзуи “Рақобатпазирии иқтисодиёт: омилҳои таъсир ва самтҳои баландбардорӣ” суханронӣ намуданд.

Зимнан гуфта шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ноил гардидан ба ҳадафҳои стратегӣ, пешрафту тараққиёт, бунёдкориву созандагӣ, ташаббусҳои башардӯстона ва ба ин васила ҷиҳати таъмини шароити зиндагии арзанда ба аҳолии амалакат қадамҳои устувор мегузорад. Тарҳрезӣ шудани санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ, консепсия ва стратегияҳои миллии рушд ба амалӣ гардидани нияту нақшаҳои нек ба хотири баланд бардоштани сатҳу сифати зинадгии мардум амалӣ гардидаанд ва ин раванд бомаром идома дорад.

Ҳамоиш бо суолу ҷавоб ва музокираву мобоҳиса анҷом ёфт.

ҚАРОРИ

ҳамоиши ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ дар мавзуи

«Механизмҳои молиявию қарзии татбиқи ҳадафҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳошияи ташаббусҳои Пешвои миллат» аз 24 майи соли 2024

1. Дар замони Истиқлоли давлатӣ бо иқдом ва ташаббусҳои беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушду пешрафти самтҳои афзалиятноки иқтисоди миллӣ, соҳибкорӣ ва низоми молиявию қарзии мамлакат ҳамчун омили муҳимми рушди иҷтимоиву иқтисодии Тоҷикистон корҳои арзишманд анҷом дода шуда, заминаҳои муносиби ҳуқуқиву ташкилӣ ва инфрасохторӣ фароҳам оварда шудаанд.

2. Ба садорати факултети молиявию иқтисодӣ, иқтисоду идора, баҳисобгирии молиявӣ ва иқтисоди рақамӣ супориш дода мешавад, ки барои дар сатҳи баланд иҷро намудани дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хусуси аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузаронидани барномаву ихтисосҳои таҳсилоти олии касбӣ, барои гузаронидани ихтисосҳои зерин: иқтисоди ҷаҳон, аудит ва ревизия ва менеҷмент омода шаванд. Аз ин рӯ, садорати факултетҳоро лозим аст, ки гурӯҳи корӣ таъсис дода, дар ин самт корҳои омодагиро якҷоя бо дигар сохторҳои Донишгоҳ роҳандозӣ намоянд.

3. Тамоюлҳои муосири рушди иқтисоди ҷаҳонӣ ва низоми молиявию қарзии байналмилалӣ бо дарназардошти равандҳои зудтағирёбанда ва пешгӯинашавандаи ҷаҳонишавӣ тақозо менамояд, ки аз ҷониби олимону донишмандони соҳаи иқтисоди кишвар асосҳои назариявӣ ва илмии таъмини самаранокии иқтисоди миллӣ, таҳкими низоми молиявию қарзӣ, фаъолияти соҳибкорӣ, рушди бемайлони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат, ташаккули шаклҳои нави муносибатҳои иқтисодӣ, рақамикунонии иқтисодиёт, роҳҳои баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисодиёт коркард шуда, ҷиҳати пайванди илм бо истеҳсолот, аз ҷумла истеҳсолоти молӣ тавсияву хулосаҳои судманди илмӣ пешниҳод карда шаванд.

4. Факултетҳои молиявию иқтисодӣ, иқтисоду идора, баҳисобгириии молиявӣ ва иқтисоди рақамӣ вазифадор карда шаванд, ки ҷиҳати таъмини пешрафти иқтисоди миллӣ ва низоми молиявию қарзии кишвар бо дарназардошти дастовардҳои муосири илмӣ дар бахши иқтисоди ҷаҳонӣ, таҷрибаи пешқадами кишварҳои олам, тамоюлҳои муосири рушди иқтисоди бозорӣ ва омӯзиши ҳамаҷонибаи ҳолати воқеии ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии кишвар ба таҳқиқи мавзуҳои афзалиятнок бо диду назари нав рӯй оварда, барои дарёфти роҳу усулҳои самарбахши пешрафти босуботи иқтисодиёт, таъмини шароити арзандаи зиндагонии мардуми кишвар ва афзун гардонидани қобилияти истеҳсолии корхонаҳои ватанӣ заминаҳои боэътимоди илмиро ташаккул диҳанд.

5. Кафедраҳои тахассусии факултетҳои молиявию иқтисодӣ, иқтисоду идора, баҳисобгирӣ ва иқтисоди рақамӣ вазифадор карда шаванд, ки бо дарназардошти рушди муносибатҳои иқтисодӣ, тамоюлҳои муосири рушди иқтисоди ҷаҳонӣ, низоми молиявию қарзӣ ва таъмини талаботи бозори меҳнат бо кадрҳои рақобатпазир мазмуну муҳтавои нақша, барнома ва стандартҳои таълимии худро таҷдиди назар карда, ҷиҳати таъмини раванди таълим бо маводҳои нави таълимӣ, аз ҷумла омода ва чоп кардани восита ва дастурҳои таълимӣ, китобҳои дарсӣ ва дигар маводи ёрирасони таълимӣ, иқдом намоянд.

6. Омӯзгорони факултетҳои мазкур вазифадор карда шаванд, ки ҷиҳати ҳимояи рисолаҳои номзадиву докторӣ, омода ва чоп кардани мақолаҳои илмӣ дар маҷаллаҳои бонуфузи илмии ватанӣ ва байналмилалӣ, ки дар воқеъ барои пешрафти самтҳои афзалиятноки иқтисоди миллӣ, низмои молиявию қарзӣ ва рушди соҳибкорӣ заминагузоранд, ташаббус зоҳир намоянд.

7. Омузгорону кормандони факултетҳои молиявию иқтисодӣ, иқтисоду идора, баҳисобгирии иқтисодӣ ва рақамӣ вазифадор карда шаванд, ки бо мақсади иҷрои Фармони Президенти ҶТ «Дар бораи омӯзиши забонҳои хориҷӣ» аз 18 марти соли 2024, № 795 барои аз худ кардани забони русӣ ва англисӣ дар сатҳи муошират дар давоми шаш моҳ саъю талош варзанд.

8. Омӯзгорону кормандони факултетҳои мазкур муваззаф гардонида шаванд, ки бо мақсади иҷрои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2023, № 668 дар бораи “Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон намудани соли 2024 ҷиҳати баланд бардоштани саводнокии молиявии аҳолии кишвар, маърифати ҳуқуқи андозсупорандагону соҳибкорон, фарҳанг ва қоидаҳои муроҷиат ба ташкилотҳои молиявию қарзӣ ва дигар мавзуҳои мубрами ҳаёти иқтисодӣ бо дарназардошти манифатҳои иқтисодии кишвар дар шабакаҳои иҷтимоӣ, матбуоти даврӣ ва рӯзномаву маҷаллаҳои донишгоҳӣ, ҷумҳуриявӣ, мақолаву маводи арзишманди иттилоотиву тарғиботӣ чоп карда, тавассути суҳбатҳои телевизиониву радиоӣ роҳҳои баланд бардоштани маърифати молиявии мардумро такмилу тавзеҳ диҳанд.

9. Зарур аст, ки ҳайати устодону омӯзгорони факултетҳои молиявию иқтисодӣ, иқтисоду идора, баҳисобгирии молиявӣ ва иқтисоди рақамӣ дар ҳаёти тарбиявии Донишгоҳ ва кишвар фаъолона ширкат варзида, ҷиҳати тарбияи шогирдон дар руҳияи худшиносиву меҳанпарастӣ, тарғибу ташвиқи арзишҳои Истиқлоли давлатӣ, таҳкими Ваҳдати миллӣ, боло бурдани тарбияи ватандӯстии онҳо бо роҳи нашри мақолаҳои оммавӣ дар матбуоти даврӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ ва суҳбату мулоқот тавассути шабакаҳои тезлевизионию радиоӣ мунтазам иқдом намоянд.

10. Садорати факултетҳои молиявию иқтисодӣ, иқтисоду идора, баҳисобгирии молиявӣ ва иқтисоди рақамӣ ҷиҳати таъмини иҷрои бандҳои дахлдори қарори мазкур чораҷӯйи намуда, аз натиҷааш ба Раёсати донишгоҳ ба таври мунтазам гузориш манзур намоянд.