ТАТБИҚИ СИЁСАТИ ИҚТИСОДИЮ ИҶТИМОИИ КИШВАР

235

Имрӯз (19.06.2024) дар доираи сиёсати иқтисодию иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамоиши ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ дар мавзуи «Саҳми Пешвои миллат дар рушди иқтисоди рақамӣ ва танзими равандҳои демографӣ» доир гардид.

Дар ҳамоиш меҳмонон аз сохторҳои мухталифи ҷумҳурӣ иштирок намуда, роҷеъ ба паҳлуҳои гуногуни мавзуи нишаст суханрониҳо намуданд.

Ҳамоиш бо садо донаи Суруди миллӣ ва сухани муқаддимавии ректори Донишгоҳ, профессор Эмомалӣ Насриддинзода оғоз ёфт. Зимнан таъкид шуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ аз 26 январи соли 2021 қайд карданд, ки “… бо мақсади таҳкими асосҳои институтсионалии иқтисоди рақамӣ, рушди инфрасохтори иттилоотиву коммуникатсионӣ дар тамоми қаламрави кишвар, рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва вусъатбахшии раванди амалӣ намудани “ҳукумати электронӣ” ба ҳукумати мамлакат ва сохтору мақомоти дахлдор супориш дода мешавад, ки доир ба таъсис додани Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Тоҷикистон чораҷӯӣ намоянд”.

Гуфта шуд, ки Консепсияи иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 26 декабри соли 2018 ва мутобиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 январи соли 2019, №39 «Дар бораи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2018 ва вазифаҳо барои соли 2019» таҳия гардидааст.

таъкид шуд, ки Консепсия ба Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 асос ёфта, инъикоскунандаи дурнамои умумии истифодаи технологияҳои муосири рақамӣ бо мақсади ноил гардидан ба ҳадафи олии рушди дарозмуҳлати Тоҷикистон, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолии кишвар, ҳамзамон, ҳарчӣ зудтар ба сатҳи зиндагии кишварҳои дорои даромади миёна расидани он ва ба таври назаррас паст намудани сатҳи камбизоатӣ, ноил гардидан ба ҳадафҳои асосӣ, яъне расидан ба истиқлолияти энергетикӣ таъмини амнияти озуқаворӣ, баромадани кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ ва табодули он ба кишвари транзитӣ, саноатикунонии босуръати кишвар ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ мебошад.

Муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳзода Ашурбой Абдувоҳид зимни суханронии хеш доир ба аҳамият ва зарурияти мавзуи нишат ибрози андеша намуда, зикр кард, ки дар ҷаҳони муосир яке аз унсурҳои асосии муваффақиятҳои иқтисодиёти рушди муътадилдошта, маҳз аз рақамикунонии иқтисодиёт вобастагӣ дорад.

Таъкид шуд, ки Ҳукумати электронӣнизоми муосири технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ ба ҳисоб рафта, давлатҳои олам марҳила ба марҳила ба ин система ворид мегарданд. Тоҷикистон низ ҳамқадами замон аст. Бо мақсади ташаккули системаи ягонаи иттилоотӣ ва пайвастшавии тамоми сохтору вазорат, ташкилот ва шаҳрвандон ба низоми ҷадиди электронӣ ва истифодаи васеи онҳо аз технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ Ҳукумати кишвар соли 2011 консепсияи Ҳукумати электрониро татбиқ намуд. Тибқи дастурҳои Пешвои муаззами миллат давра ба давра ба ҷанбаҳои сифатии рушди иқтисоди миллӣ, тақвияти неруи инсонӣ, бо истифода аз технологияҳои муосир ва ҷорӣ намудани инноватсия, вусъат додани истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ, баланд бардоштани фаъолнокии иқтисодии аҳолӣ, такмили низоми дастгирии соҳибкориву сармоягузорӣ ва тавсеаи иқтисодиёти рақамӣ, инчунин, омода намудани мутахассисони соҳа диққати аввалиндараҷа дода мешавад.

Дар идомаи ҳамоиш доктори илмҳои иқтисодӣ, профессори кафедраи кибернетика ва иқтисоди рақамии факултети баҳисобгирӣ ва иқтисоди рақамӣ, мудири бахши идоракунии лоиҳаҳои шуъбаи робитаҳои байналмилалии Донишгоҳ Мафтуна Ҳакимова дар мавзуи “Воқеияти рушди иқтисоди ҷаҳонӣ: тамоюлҳо ва мушкилот”, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор, мудири кафедраи умумидонишгоҳии назарияи иқтисодии Донишгоҳ Абубакр Комилов дар мавзуи “Саҳми Пешвои миллат дар муътадилгардонии равандҳои демографӣ ва амнияти демографӣ” ва номзади илмҳои физикаю математика, дотсенти кафедраи кибернетика ва иқтисоди рақамии факултети баҳисобгирӣ ва иқтисоди рақамии Донишгоҳ Ҷаббор Ҷобиров оид ба мавзуи “Иқтисоди рақамӣ – яке аз роҳҳои татбиқи ҳукумати электронӣ дар кишвар” суханронӣ намуданд.

Таъкид гардид, ки рақамикунонии идоракунии иқтисодиёти муосир ҳамчун воситаи асосии ташаккулдиҳандаи низоми идоракунии давлатӣ ва ҳамзамон таъсисдиҳандаи иқтисоди инноватсионӣ дар таҳқиқи амиқи паҳлӯҳои институтсионалӣ, интихоби шаклу усулҳои муфиди чорабиниҳои ташкилӣ-иқтисодӣ муҳим аст.