Ба иттилои ҳайати омӯзгорону профессорон, муҳаққиқон, муҳасилин ва тамоми шахсоне, ки оид ба таҳия ва идоракунии лоиҳаҳо, шавқманду завқи асил доранд расонида мешавад, ки бо ибтикорӣ Донишгоҳи технологияи идоракунӣ ва иқтисодии Санк – Петербург (Федератсияи Россия), курси кӯтоҳмуддат дар мавзӯи “Идоракунии лоиҳа: ҳалли проблемаҳо ва қабули қарор” ташкил карда шудааст. Ба ин восита, иштиркчиён имконият пайдо менамоянд, ки доир ба махсусиятҳои идоракунии лоиҳа, ошкор ва ҳалли мушкилиҳои лоиҳавӣ, нақшаи идоракунии лоиҳа, тарзи музокираи мушкилиҳои лоиҳавӣ ва қабули қарори дуруст, самаранок ва қобили қабул, салоҳияту дониши амиқ пайдо мекунанд. Курси мазкур тариқи онлайн ва бо забони русӣ баргузор мегардад.
ИТТИЛООТИ ЗАРУРӢ:
1.Гузариши курс – ройгон
2.Давомнокии курс – 4 рӯз
3.Санаи гузариши курс – 07.06.2021 то 10.06.2021
4.Забони таълимӣ – русӣ
Барои бақайдгирӣ Шумо метавонед ба суроғаи электронии зерин https://forms.gle/CfATsM6zWx8gTZwd6 то санаи 25.05.2021 ворид шуда, худро ҳамчун иштирокчӣ бақайд гиред!!!
Маълумоти бештарро доир ба ташкил ва баргузории курсҳои мазкур Шумо метавонед дар сомонаи – https://www.spbume.ru/ru/page/1778/ пайгирӣ намоед.
Тамоми иштирокчиён бо сертификати хатми курс қадрдонӣ мегарданд!
Аз ин лиҳоз, аз тамоми ашхоси дар боло зикргардида даъват карда мешавад, ки ҷиҳати иштирок дар курси мазкур ташаббус зоҳир намоянд. Эълони мазкур аз ҷониби Раёсати ДМТ ҳамаҷониба дастгирӣ гардидааст.