ТАВАҶҶУҲИ КОМИССИЯИ ЭКСПЕРТӢ БА ФАЪОЛИЯТИ ХАТМКУНАНДАГОНИ ДОНИШГОҲ

12

Барои гузаштан аз аккредитатсияи байналмилалӣ, муҳим аст, ки масъалаҳои асосии фаъолияти сохторҳои Донишгоҳ, ки барои мувофиқати стандартҳои байналмилалӣ муҳим мебошанд, мавриди таҳлил қарор гиранд. Тибқи талаботи барномаи комиссияи экспертӣ, гузаронидани пурсишнома (анкетӣ) бо донишҷӯён, вохӯриҳо бо стейкхолдерҳо (корфармоён, роҳбарони базаҳои таҷрибаомӯзӣ) ва мусоҳиба бо хатмкунандагон ба сурати ҳатмӣ шомил мебошанд.

Имрӯз барои ҳамоҳангсозии талаботи барномаҳои байналмилалӣ ва беҳтар кардани ҷараёни аккредитатсия, чунин суҳбатҳо ва вохӯриҳо бо алоқамандони Донишгоҳ анҷом дода шуданд.

Ёдовар мешавем, ки ки 11 ихтисоси Донишгоҳ: баҳисобгирии муҳосибӣ, таҳлил ва аудит, менеҷмент, иқтисоди ҷаҳонӣ, ҳуқуқи байналмилалӣ, журналистика, тадқиқоти геологӣ, иктишофи геологӣ ва иктишофи конҳои фоиданок, информатика, забонҳои муосири хориҷӣ (англисӣ), филологияи тоҷик, забон ва адабиёти рус, стоматология (дараҷаи бакалавр) аз рӯйи панҷ кластер аз аккредитатсияи байналмилалӣ мегузаранд.