ОЗМУН: БЕҲТАРИН КОРҲОИ ИННОВАТСИОНӢ
Озмун барои корҳои беҳтарини инноватсионӣ байни хонандагони литсей, донишҷӯён, унвонҷӯён, аспирантон, докторантон ва ҳайати устодону профессорони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
Озмуни мазкур бо мақсади баланд бардоштани фаъолияти илмиву инноватсионии хонандагони литсей, донишҷӯён, унвонҷӯён, аспирантон, докторантон ва ҳайати устодону профессорони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, тақвият додани омодагии касбии онҳо бо назардошти талаботи бозор ва афзун намудани потенсиали ДМТ, инчунин, ҷалб намудани ҷавонон ба ҳалли масоили рушди иҷтимоиву иқтисодии Тоҷикистон гузаронида мешавад. Сохторҳои бунёдӣ барои гузаронидани озмун – Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Парки технологӣ, Институти илмию таҳқиқотӣ, литсейи ДМТ ва нашрияи «Ба қуллаҳои дониш».
Ба озмун корҳо аз рӯи самтҳо ва равияҳои зерин қабул карда мешаванд:
лоиҳаҳои амалӣ дар заминаи технологияи муосир;
модернизатсияи (навсозии) ашё ва маҳсулоти муқаррарӣ;
лоиҳаҳои амалӣ дар сарулибоси миллӣ, ороишот ва ашёи маишӣ;
технологияи иттилоотиву иртиботӣ.
Барои ғолибони озмун аз рӯи ҳамаи номинатсияҳо дипломҳо ва мукофотҳои пулӣ муқаррар шудаанд:
Дипломи дараҷаи I – мукофоти пулӣ – 2000 сомонӣ;
Дипломи дараҷаи II – мукофоти пулӣ – 1500 сомонӣ;
Дипломи дараҷаи III – мукофоти пулӣ – 1000 сомонӣ.
Корҳои инноватсионии хонандагони литсей ва донишҷӯён (на бештар аз се кор аз ҳар як иштирокчӣ) бояд куратори (роҳбари) лоиҳаро аз ҳисоби устод ва аспирантон дошта бошад. Куратор барои навоварӣ ва барасмиятдарории техникии лоиҳа масъулият дорад. Куратори лоиҳаҳое, ки сазовори ҷойҳои намоён мегарданд, мустақиман аз ҷониби ректори ДМТ ҳавасманд карда мешаванд. Аспирантон, унвонҷӯён ва устодон метавонанд ба таври мустақилона лоиҳаҳои худро пешниҳод кунанд. Донишҷӯёни дигар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ дар асоси ғайриозмунӣ дар ин чорабинӣ иштирок карда метавонанд. Муаллифони лоиҳаҳои ғайриозмунӣ ба дарёфти дипломҳо ва мукофотҳои пулӣ ҳуқуқ надоранд. Ғолибони лоиҳаҳои ғайриозмунӣ бо Ифтихорномаҳо ва туҳфаҳои қиматбаҳо сарфароз гардонида мешаванд.
Ҳуҷҷатҳоро ба Парки технологии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (Маркази технологияҳои иттилоотии таҳсилоти фосилавӣ, ҳуҷраи 8 ва 14, паҳлуи бинои асосии ДМТ, масъул – Юсуфов Р. Тел: 2270146; 907-65-00-06, 915-77-66-99) то 25-уми ноябри соли 2021 супоридан лозим аст.
Оғози қабули дархостҳо: аз рӯзи чопи эълон дар ҳафтаномаи «Ба қуллаҳои дониш».
Анҷоми қабули дархостҳо: 25.11.2021
Ҷамъбасти озмун: 15.12.2021
Маросими тантанавӣ, эълони қадршиноси гардидани ғолибон дар нашрияи «Ба қуллаҳои дониш» дарҷ хоҳад шуд.