ТОҶИКИСТОН ВА ҶОПОН: ҲАМКОРӢ ДАР СОҲАИ МАОРИФ

337

Имрӯз дар доираи ҳамкориҳои дипломатии Тоҷикистон ва Ҷопон дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-маърифатӣ бо иштироки Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷопон дар шаҳри Душанбе Аики Тошиҳӣ, роҳбари намояндагии Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (JICA) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Такасака Мунео, профессори ҷопонӣ Кояшима Набуко ва ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. доир гардид.

Дар ҳамоиш Ректори донишгоҳ дар робита ба сиюмин солгарди барқарории муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистону Ҷопон суханронӣ намуда, таъкид дошт, ки ҳамкориҳои илмию таълимӣ ва иқтисодию истеҳсолии ҷонибҳо дар ҳоли рушд қарор доранд. Тоҷикистон бо касби соҳибистиқлолӣ бо кишварҳои дуру наздик, аз ҷумла бо Ҷопон равобити дипломатиро барқарор намуда, дар доираи сиёсати созандаи роҳбарияти олии кишварҳо ҳамкориҳо таҳким меёбанд.

Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷопон дар шаҳри Душанбе Аики Тошиҳӣ ҷиҳати баргузории ҳамоши мазкур ба роҳбарияти Донишгоҳи миллӣ изҳори сипос намуда, ташкили чунин чорабиниро дар самти рушди ҳамкориҳои илмию таълимӣ сутманд арзёбӣ намуд.

Муҳтарам Сафир дар идомаи суханронӣ вобаста ба мисоли ҳамкорӣ бо Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (JICA) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон андешаронӣ намуда, изҳори боварӣ кард, ки муносибатҳо ва ҳамкориҳои муштарак дар самтҳои гуногун, аз ҷумла маориф ва илм боз ҳам вусъат меёбанд.

Дар идомаи нишаст профессор Кояшима Набуко дар мавзӯи «Рушди маориф дар давраи навсозии Ҷопон» тариқи навор маълумоти муфассал манзур намуд, ки муҳтавои он давраҳои ташаккули соҳаи маорифи Ҷопон, афзоиши талабот ба захираҳои меҳнатӣ, нақши маориф дар рушди саноат, донишу ҳунар омӯхтани духтарону писаронро дар бар мегирифт.

Ёдрас мешавем, ки дар доираи ин ҳамоиш суҳбату вохӯриҳои судманд бо устодону донишҷӯён роҳандозӣ шудааст.